logo

маориф

ТАРБИЯИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР АФКОРИ МАОРИФПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба василаи афкори маорифпарваронаи хеш дар назди мо, аҳли маориф ва ҷомеа, вазифа мегузоранд, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои нек раванди ташаккули ҷомеаи фарҳангӣ ва пешрафтаро тақвият бахшем ва насли нави кишварро ҳамчун инсонҳои худогоҳу андешаманд ва соҳибмаърифату бофарҳанг ба камол расонем, барои худ ва наслҳои оянда зиндагии шоистаеро замина гузорем.

Зимнан, бояд қайд кард, ки Сарвари давлат бо фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамари худ пайваста ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неки Тоҷикистон талош варзида, мардуми шарафманди тоҷикро беш аз пеш ба  ватанпарастию миллатдӯстӣ, қадршиносии сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва давлатдории миллӣ расидан ҳидоят менамоянд. Имрӯз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад. Бо дарки ҳамин масъала Пешвои миллат изҳор медоранд, ки: «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем».
Яке аз ҳадафҳои асосии тарбия барҳам задани хислатҳои манфӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Мақсаду мароми ҳидоят ва даъватҳои Пешвои миллат дар мавриди тарбия ин, пеш аз ҳама, барои бартараф кардани нуқсу заифиҳои инсоният, ки аз табиати худи ӯ сар зада, аз арзишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ, ба хотири рушди ирода, маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии шахсият бармеоянд, нигаронда шудааст. Ба таъкиди Пешвои миллат «зиёиён бояд пешсафи ҷомеа бошанд, зеро тарбияи ватандӯстонаи мардум, аз ҷумла, ҷавонон ва насли наврас қисми муҳимтарини рисолати таърихии онҳо мебошад. Халқи мо хеле хуб дарк намудааст, ки Истиқлолияти комил, Ваҳдати миллӣ ва воқеиро танҳо бо меҳнати ҳалолу созанда, тафаккури баланди сиёсиву фарҳангӣ, ҳисси масъулият дар назди наслҳои имрӯзаю ояндаи Ватан ба даст овардан мумкин аст».
Ба андешаи Сарвари давлат: «Афрӯхтани шуълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, инчунин, дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбад». Пешвои миллат истеъдодҳоро боигарии миллат медонанд. Ба ақидаи ӯ, онҳо мисли ганҷ дар ҳар як гӯшаи Тоҷикистон вуҷуд доранд. Кашф намудану ба арсаи илму маорифу фарҳанг раҳнамоӣ кардани ҷавонони соҳибистеъдоду ҳунарманд, тарбияву дастгирии онҳо як рукни муҳими фаъолияти вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва иттифоқҳои эҷодӣ дар тарбияи инсонӣ мебошад. Доир намудани мулоқоту вохӯриҳо бо зиёиён ва  аҳли ҷомеа раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ, болоравии эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, пойдории сулҳу суботро дар ниҳоди насли наврас ва ҷавонон ба вуҷуд меорад. Зеро ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои волои фарҳанги миллӣ, арҷ гузоштан ва ҳифз кардани анъанаҳои таърихӣ ва тамаддуни ниёгон яке аз рукнҳои асосист.
Пешвои миллат масъалаи илму маорифро аз самтҳои хеле муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ донистаанд, зеро пешрафти минбаъдаи кишвар ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи тарбияи миллӣ вобаста буда, маҳз зиёиён бо рисолати бузурги хеш тарбияи миллии насли наврас ва ҷавононро ба роҳ монда, онҳоро ба илмомузӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд.
Худшиносии миллӣ аз рукнҳои асосиву  калидии мулоқотҳои Пешвои миллат бо зиёиён ва аҳли ҷомеа ба шумор меравад ва таъкид менамоянд, ки: «худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ,-  ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дошта, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст».
Масъалаи китобдориву китобхонӣ яке аз нуктаҳои меҳварии мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён ва аҳли ҷомеа мебошад, зеро арзишҳои маънавие, ки инсоният аз ибтидои шинохти хеш ба онҳо рӯ овардааст, ҳамеша дар сурати рисола ё китоб дарҷ мешуданд. Эътиқоду эҳтироми мардуми мо ба китоб аз қаъри асрҳо ибтидо гирифта, дар марҳалаи кунунии рушди ҷомеа боз ҳам бештар эҳсос мегардад. «Мехоҳам бо камоли ифтихор зикр намоям, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд. Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад», - мегӯяд Пешвои миллат ба зиёиёни кишвар.
Аз ин рӯ, дар ҳар як хонадон бояд китобхонаи шахсӣ вуҷуд дошта бошад, то ки наслҳои имрӯзу оянда, махсусан, наврасону ҷавонон ба китоб унс гиранд ва қадр кардани онро ҳамчун манбаи донишу маърифат омӯзанд. Дар ин кор падару модарон намунаи ибрат буда, шавқи китобхониро дар дилу шуури фарзандон бедор кунанд.
Дуруст аст, ки асоси ободии ҷомеа ва омили муҳимтарини бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд тарбияи мутахассиси бофарҳангу эҷодкор аст. Тарбия ва рушду инкишофи чунин инсон берун аз оила ва ҷомеаи солим муяссар нахоҳад шуд. Таъкиди Пешвои миллат оид ба баланд бардоштани мақому манзалати волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд ва амалӣ гардондани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз Консепсияи миллии тарбия маншаъ гирифтааст. Татбиқи дурусти қонуни мазкур имкон медиҳад, ки мо дар тарбияи насли наврас як механизми комили тарбия - мактаб, оила ва ҷомеаро ташаккул диҳем. Ба таъкиди Пешвои миллат: «Мактаб дар сурате ба ташаккули ахлоқу рафтори нек ва донишандӯзии хонандагон бештар муваффақ мегардад, ки агар падару модар бо мактаб робитаи доимӣ дошта, ба таълиму тарбияи фарзандони худ ҷиддӣ машғул бошанд. Бинобар ин, оилаву мактаб ва аҳли ҷомеа бояд хонандаро якҷоя тарбия кунанд ва ӯро ҳамчун шаҳрванди сазовори давлат ва ҷомеа ба воя расонанд».
Масъалаи тарбияи касбинтихобнамоии ҷавонон низ доимо матраҳ мегардад. Пешвои миллат ҳамеша мекӯшанд, ки ягон фарди ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, бе касбу кор намонанд. Ба ин хотир, ҷиҳати пурзӯр ва самаранок гардондани фаъолияти марказҳои касбомӯзӣ ва коллеҷу ҳунаристонҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Хулоса, дар афкори маорифпарваронаи Пешвои миллат тарбияи миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад ва агар онро ҳар фарди бедордил ба сифати дастур ва сармашқи зиндагиаш бипазирад, мунтазам аз пайи андӯхтани илму маърифат бошад, бешак, дар кулли ҷодаҳо ӯро комёбиву пешрафт ҳамроҳ хоҳад буд.
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 8100
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед