logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ. МУҚОВИМАТ АЛАЙҲИ ОНТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, аз 20 январи соли 2016, бо таваҷҷуҳ ба густариши зуҳуроти хатарноки ҷаҳони муосир - терроризму экстремизм ва ҳодисаҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 дар кишвари мо рухдода таъкид карда буданд: “Вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад”. Дар ин робита, Сарвари давлат ба Прокуратураи  генералӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм  ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020 - ро таҳия ва пешниҳод намояд.
Дар асоси ин дастур лоиҳаи Стратегия аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо шумули намояндагони як қатор вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва олимону коршиносони соҳа омода шуда, 12 ноябри соли равон  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 776 тасдиқ гардид. Хабарнигорамон ба манзури шиносоии хонандагон ба зарурати ин ҳуҷҷат, вижагиву ҳадафҳои дар он пешбинишуда бо чанд суол ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд.

- Муҳтарам Раҳмон Юсуф, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм  ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки заминаи таҳия ва тасдиқи он аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, кадом ҳадафҳоро пайгирӣ хоҳад кард?

- Стратегия  санади барномавии муайянкунандаи вазифаҳо ва  самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм мебошад. Ҳадафҳои он таҳлили омилҳои экстремизму терроризм  ва дар ин замина муайян намудани роҳҳо ва тарзу усулҳои пешгирии  тундгароӣ, мусоидат ба ташаккули  фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулгароӣ дар ҷомеа, муттаҳид намудани кӯшишҳои мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт мебошад.

- Агар ба мушаххасоти он рӯ оварем, арзёбии кадом омилҳои ба ифротгароӣ мусоидаткунанда дар Стратегия матраҳ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо пешбинӣ гардидааст?

-Дар Стратегия омилҳои ба тундравӣ ва ифротгароӣ мусоидаткунанда дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, мисли фарҳанги ҳуқуқӣ, иқтисод, иҷтимоиёт, идеология, инчунин дар байни гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ, бахусус диндорон,  ҷавонон, занон, муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳкумшудагон арзёбӣ гардида, роҳҳои аз байн бурдани ин омилҳо нишон дода шудаанд. Стратегия 13 самти фаъолиятро дар соҳаи пешгирии экстремизм ва терроризм муайян намудааст. Аз ҷумла, ташаккули фарҳанги волои сиёсии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқии шахс шарти муҳими таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ ва пешгирии рӯҳияи тундгароӣ дар ҷомеа ҳисобида шуда, оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва риояи қатъии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар назди мақомоти давлатӣ  вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд.
Мавҷудияти андешаи миллии муттаҳидкунанда шарти муҳими ҳифзи ваҳдату ягонагии мардум,  бақои давлатдории миллӣ ва бунёди садди устувор дар роҳи вуруд ва паҳншавии ғояҳои тундрав маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дар Стратегия роҳандозии муҳокимаҳои илмию ҷамъиятӣ вобаста ба таҳия  ва қабули андешаи миллӣ, ташаккули тарзу усулҳои муосири корҳои идеологӣ, омода намудани мутахассисон дар соҳаи муқовимати иттилоотӣ бо ифротгароӣ ва терроризм, инчунин пурзӯр намудани нақши пешгирикунандаи воситаҳои ахбори омма дар ин самт таъкид мегардад.
Дар Стратегия ҷиҳати баланд бардоштани нақши соҳаи маориф дар пешгирии тундгароӣ байни  наврасон, аз ҷумла таълими асосҳои дин, такмили стандартҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин ҷалби худи ҷавонон ба пешгирии тамоили тундгароӣ дар байни ҳамсолони онҳо диққати махсус дода шудааст. Ҳамчунин, Стратегияи миллӣ тадбирҳои мушаххаси пешгирии тундгароӣ ва экстремизмро дар муассисаҳои ислоҳӣ, байни муҳоҷирони меҳнатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ мавриди назар қарор додааст.

-Истифода аз имкониятҳои фаровони интернетӣ ба фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ то ҷое мусоидат кардааст ва ба ин амр дар нишастҳои коршиносон низ ишораҳои мустақим сурат мегирад. Дар Стратегия ҷиҳати муқовимат алайҳи ин раванд ва ошкору пешгирӣ намудани ташвиқоти амалҳои террористӣ иқдомоте пешбинӣ шудаанд?

- Воқеан, тадбирҳои муқовимат бо истифодаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ яке аз бахшҳои муҳими Стратегия ба шумор рафта, дар он вобаста ба истифодаи имкониятҳои интернет ҷиҳати пешбурди аксуламалҳои тарғиботӣ ва такмили заминаҳои ҳуқуқии муқовимат бо интернет-экстремизм тадбирҳо пешбинӣ гардидаанд.
Албатта, мубориза бо экстремизм ва терроризмро наметавон бе пурзӯр намудани тадбирҳои қудратӣ  ва таъқиби ҷиноятӣ тасаввур кард. Аз ин лиҳоз, Стратегия вобаста ба пурзӯр намудани фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ҷиҳати сари вақт ошкору пешгирӣ намудани ташвиқот ва амалҳои экстремистию террористӣ, инчунин пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои экстремизм ва терроризм дар назди мақомоти дахлдори давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштааст.

-Ҷалб ва ё иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар иҷрои Стратегия чӣ гуна хоҳад буд?

- Стратегия   асосан санади пешгирикунанда буда,  амалӣ намудани он бе иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ самараи дилхоҳ дода наметавонад. Бинобар ин, Стратегия ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандиро ба таҳия ва амалӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ  ва чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар ин самт пешбинӣ намуда, мақомоти давлатиро ба таҳкими имкониятҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷамоаҳои маҳаллӣ дар пешгирии саривақтии экстремизм ва тундгароӣ ҳидоят менамояд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 5713
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед