logo

илм

ЗАБОНИ МИЛЛАТ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

Дар даврони истиқлолият забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста - оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муошироти байни халқҳои  сокини ҷумҳурӣ мубаддал гардид. Заминаҳои ин пешрафти муҳим пеш аз ҳама бо татбиқи  пайваста ва пайгиронаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба забони давлатӣ муҳайё гардид.

Сарвари давлат дар ҷаласаи ифтихорӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нақши забони модарии моро ҳамчун забони давлатӣ хотирнишон сохта, чунин изҳор доштааст:  “Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд. Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон  чун шири модар муқаддас мебошад”.
Нақши Пешвои миллат дар рушду густариши забони модарии мо бесобиқа аст. Асарҳои Президенти кишвар («Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён”, 2002; “Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён”, 2002; “Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён», 2006; “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, 2006), суханрониҳои ӯ дар маҳфилу чорабиниҳои гуногун  дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кардани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доранд. Бояд гуфт, ки ақидаҳо ва пешниҳодҳои Президенти кишвар дар ин бобат на танҳо хусусияти назариявӣ, балки хусусиятҳои амалӣ ҳам доранд. 
Махсусан нашри асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони миллат - ҳастии миллат, Китоби якум, Ба сӯйи боландагӣ”, ки дар остонаи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ пешкаши хонандагони сершумори тоҷик шуд, армуғони сазовор ба мардуми тоҷик гардид. Ин асари бунёдии илмӣ барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шуда,   рушди забони моро аз давраҳои бостон то асри XIII инъикос менамояд. Он бо истифода аз асарҳои гуногуни дар давраҳои мухталиф таҳияшудаи илмӣ омода гардида, аз лиҳози сабку ҷобаҷогузории мавод ва тарзи пешниҳодаш аз дигар осори забоншиносӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ин асари бунёдӣ дастовардҳои ахири забоншиносиву тоҷикшиносии ватаниву ҷаҳонӣ ҷамъбаст гардидааст.
Китоб аз пешгуфтор, шаш боб, хулоса, китобнома (407 адабиёти истифодашуда) ва 491 саҳифа иборат мебошад. Дар пешгуфтор ба таври мухтасар таърихи густариши забони тоҷикӣ аз давраи бостон то ба ҳол, истиқлол ва аҳамияти таърихии он дар сарнавишти забони тоҷикӣ, ҳадафу мақсади муаллиф, вазифаҳои забоншиносон дар пажӯҳиши забоншиносии забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.
Дар сарсухани китоб чунин омадааст: «Бо шарофати истиқлол забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати як халқи дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд».
 Аз хусусиятҳои дигари андешаҳои муаллиф муайян кардани вижагиҳои хоси забони тоҷикӣ мебошад, ки ин гуна таҳлили амиқу пажӯҳиши борикбинонаи илмӣ дар таърихи илми забоншиносии тоҷик бори нахуст пешниҳод мешавад. Муаллиф менигорад:
"Яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳими забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдатофаринии он аст. Ин хусусият сипас дар ташаккули он ба унвони як забони умумӣ барои мардуми эронитабор нақши муассир бозид.
Сифати дигари забони мо тавоноӣ ва рақобатпазирии он аст… Ҳамчунин, бояд гуфт, ки нуфуз ва тавоноии ин забон ба ҳадде буд, ки на танҳо дар ҳавзаи илму фарҳанг, балки дар сиёсат ва давлатдорӣ низ ҳеҷ забони дигар бо вай рақобат карда натавонист ва қавму миллатҳои мухталифе, ки асрҳо дар ин сарзамин ҳукмронӣ карданд, онро на танҳо ҳамчун забони илму фарҳанг, балки ба ҳайси забони сиёсат ва давлату дарборҳои худ пазируфтанд".
Дар пешгуфтор муаллиф ба таври хеле фишурда оид ба вазъи забони тоҷикӣ дар давраи шӯравӣ чунин андешаронӣ мекунад: «Дар замони шӯравӣ, бешак, корҳои зиёде дар соҳаи мактабу маориф ва «навсозии» забон анҷом дода шуд. Забон аз печидагӯӣ ва саҷъбофии муншиёна, ки мероси асрҳои охир буд, раҳоӣ ёфт. Усулҳои наву замонавии таҳқиқ дар соҳаи забон ҷорӣ гардид, як зумра муҳаққиқону мутахассисон дар ин ришта тарбия ёфта, заминаҳои бунёди илми забоншиносии муосири тоҷик гузошта шуд, вале ҳамзамон ба хотири "демократикунонӣ" забони тоҷикӣ бисёр вожагони асилу ноби худро аз даст дод. Ба ҷойи онҳо калима ва истилоҳоти бамавриду бемаврид аз забонҳои гуногун ва ё калимаҳои носуфтаву худсохта, луғатҳои омиёна, қолабҳои калимасозию ибораороии бегона ва сабку услубҳои тақлидӣ ба забони мо ворид гардид».
Муаллиф роҷеъ ба масъалаҳои меҳану хостгоҳи забони модарии мо, ки имрӯзҳо баҳсбарангез аст ва ҳатто аз тарафи баъзе маҳфилҳо қасдан мавриди баҳсу суханфурӯшӣ қарор мегирад, хеле дақиқкоронаву борикбинона мушоҳидаҳои худро чунин ба қалам медиҳад: "Барои насли имрӯзи мо шояд тафовути чандоне надошта бошад, ки забони форсӣ, дарӣ ё тоҷикӣ ҳазор ё ду ҳазор сол пеш аз кадом минтақа бархоста ва ё мардуми кадом ноҳия ба ин забон пештар сухан гуфтааст. Ба назари мо муҳим он аст, ки онҳо аз як ҳавзаи ягона бархоста, гармиву сахтии таърихро бо ҳам дида, як фарҳангу забони муштаракро дар чунин сарзамини паҳновар бо ҳам офаридаанд. Акнун дар ин замони ҷаҳонишавӣ бояд бикӯшем, то ҳамбастагӣ ва робитаҳои иқтисодию сиёсии худро қавитар гардонида, бино ба расми дерин, бо ёрии ҳамдигар истиқлоли фарҳангӣ ва забонии худро ҳифз карда, рукнҳои пойдории миллат ва кишварро таҳким бахшем ва онро устувору пойдор намоем".

Боби аввали китоб «Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ” ном дошта, аз се фасл «Мардуми ориёӣ ва забони онҳо»», «Давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихи забони тоҷикӣ» ва «Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар гурӯҳбандии забонҳои эронӣ» иборат аст. Ин боб аслан аз китобҳои пешини Президенти кишвар, ба монанди «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» (2006), «Тоҷикон дар оинаи таърих» (дар чор ҷилд, 2009), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (2006) сарчашма гирифта, ба таври мухтасар назару ақидаҳои муаллифро дар бораи давраи бостон ва миёнаи рушди забони мо ҷамъбаст менамояд. Дар ин бора ӯ назару ақидаҳои худро хулоса карда чунин мегӯяд: “Даврабандии таърихи забонҳои эронӣ, беш аз ҳама, ба даврабандии таърихи забони тоҷикӣ (форсӣ) ва осори боқимондаи он иртибот дорад. Асосан ба он осори боқимондаи се давра: форсии бостон - давраи ҳукмронии сулолаҳои Ҳахоманишиён бо осори сангнавиштаҳои хати мехӣ (асрҳои 6 - 4 то милод), форси миёна - осори паҳлавӣ ва монавии давраи Сосониён ба забони паҳлавӣ (3 – 9 - 10 милод) ва форсии нав-забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) бо осори алифбои арабиасос (асрҳои 9 - 10 то ба ҳол) дохил мешавад. Агар Авесто хусусиятҳои умумии забони ориёӣ ва фарҳангу суннат ва боварҳои динии ориёиҳоро дар марҳилаи тақрибан дуҳазорсолаи он ифода кунад, осори хати мехии Ҳахоманишиён хусусиятҳои як давраи маҳдуди онро дар худ таҷассум кардааст.  
Муқоисаи катибаҳои Бесутуни Дориюши Кабир ва Катибаи Работаки шоҳаншоҳи Кӯшониён Канишкаи Аввал ва баъзе дигар далелу санадҳои дар солҳои охир пайдошуда собит месозад, ки истилоҳи арйа (ориёӣ) ҳамчун номи забони умумии мардумони эронитабор то охири давраи Кӯшониёни Кабир роиҷ будааст. Чунин масъалагузорӣ дар таърихи илми забоншиносии Эрон саҳифаи наве мекушояд ва агар ба Ҳахоманишиёну Ашкониёну Сосониён сулолаи Кӯшониёнро, ки дар асоси сарчашмаҳои бадастомада забони худро ориёӣ хондаанд, илова намоем, як марҳилаи томи таърихии забону фарҳанг ва тамаддуни эронитаборонро метавон мушаххас марҳилаи тамаддуни ориёӣ донист, ки тақрибан таърихи дуҳазорсолаи мардуми эронитаборро дар бар мегирад”.  
Оид ба ин боб хулосаи муаллифи асар оид ба мақоми забони мо дар байни забонҳои эронӣ ва умумияту фарқиятҳои се гунаи забонӣ (тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ) хеле муҳим ба назар мерасад. Ӯ дар ин бора чунин ибрози ақида кардааст: “Забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ), ки ба ивази забонҳои форсии миёна, портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ дар қаламрави густариши ин забонҳо ҷойгузини онҳо гардид, аз лиҳози хусусиятҳои овоӣ, луғавӣ, дастурӣ аз забонҳои хешованди бостонии худ хеле дур рафта, ҷиҳатҳои хос пайдо кард. Пеш аз ҳама, дар бахши фонетика ё овошиносӣ масъалаи тағйирот ва таҳавули сифатӣ бар ивази тағйироти миқдорӣ ба ҷойи аввал мебарояд. Дар давраи аввали инкишофи забони мо хусусиятҳои маҳаллӣ ва лаҳҷавии ин забон дар минтақаҳои гуногуни густариши он ба мушоҳида мерасад ва таҳияи фарҳангу луғатномаҳои гуногун шоҳиди ин гуфтаҳост. Вале хусусиятҳои умумӣ ва меъёрии забони адабӣ барои ин забон то имрӯз боқист ва метавон гуфт, ки бар хилофи хусусиятҳои гунаҳои тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ байни ин се гунаи забони адабӣ умумият аз тафовут хеле бештар аст”.
Боби II таҳти унвони «Саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ” аз панҷ фасл «Истиқлол ва масъалаҳои тоҷикшиносӣ», «Муродифҳои вожаи «тоҷик», «Хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ», «Замони пайдоиши забони тоҷикӣ» ва «Номи забони мо» иборат буда, ба яке аз масъалаҳои баҳсбарангези забоншиносии Эрон бахшида шудааст:
“Вожаи “тоҷик”, ки аз умқи таърих сарчашма мегирад, ба калимаҳои “тоҷ” (ба маънои иклил), Тоз ва Тоҷ (ҳамчун номи шахс), таоҷиву тахорӣ (ба маънои халқ) ва ғайра муносибати муродифӣ доштааст, ки бостонӣ ва қадимӣ будани ин калимаро исбот менамояд. Бояд хотирнишон кард, ки дар катибаҳои дар даврони охир пайдошуда вожаи “тоҷик” ба таври расмиву возеҳ барои ифодаи мардуми минтақаи Тахористон истифода шудааст, ки иртиботи онро бо калимаи “тахорӣ” нишон медиҳад. Бо таъсиси давлати Кӯшониҳои кабир истилоҳи “тоҷик” ба тамоми минтақаҳои ин шоҳаншоҳӣ паҳн мешавад ва маънои васеъро фаро мегирад. Акнун дар асари кашфи осори пеш аз ислом, ки ба забонҳои бохтариву портӣ ва суғдӣ навишта шудааст, мо метавонем рӯйи ин вожа хубтар рӯшанӣ андозем. Дар ин ҷо се манбаи муҳим ба сурати хулоса пешниҳод мешавад, ки аз сангнавиштаи бохтарии Яковланг дар вилояти Бомиён (Афғонистон), сиккаи як подшоҳ бо лақаби ифтихоромези «Қайсари Рум» ба забони бохтарӣ ва як барг аз як нусхаи монавӣ-портӣ иборатанд.
1. Ба маънои мардуми тоҷик. Alo rōbigo odo alo bamoianigo alo torko alo tazigo alo ōdagosigo alo andaro uarso kiso «ҳамчунон рӯбӣ (яъне мардуми робӣ дар шимоли Афғонистон) ҳамчунон бомиёнӣ, ҳамчунон турк, ҳамчунон тозиг, ҳамчунон мардуми бумӣ ва касони дигар.  2. Ба маънои араб. Storgo taziiaggo gazito odo barito lado «Бояд ҷизяи бузург ва бароати тозӣ (=арабӣ) пардохт шавад». Дар асоси ин ҳуҷҷату санадҳои нав метавон ҳоло номи ҳар ду қавми тоҷику тозӣ (араб)-ро ба сурати навишторӣ ва гуфторӣ возеҳу равшан аз ҳамдигар чунин ҷудо кард: 1. Tazigo = Тозик (руҷӯъ шавад ба калимаи портӣ - суғдӣ =тожик), яъне номи қавми тоҷик; 2. Taziio =тозӣ (ки дар матни аснод ба сурати сифати taziiaggo =тозиянг омадааст), яъне араб. Истилоҳи тоҷик ба маънои як қавми ориёӣ, эронӣ аз давраҳои бостон маълуму машҳур буда, дар сарчашмаҳо бо шаклҳои мухталифи «тоз», «тоҷ», «тот», «тоҷик», «таоҷик», «тагзик», «тожик» ва ғайра вомехӯрад.
Ба таври умум аз мутолиаву баррасии маводу сарчашмаҳои ба даст расида чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки агар вожаи «форсӣ», «форс» дар минтақаи ғарбии паҳншавии халқҳои ориёӣ аз тарафи ҳамсоягони арабиву юнониву румиву суриёнӣ ба мардуми эронитабор итлоқ шуда бошад, пас истилоҳи «тоҷик» дар минтақаи шарқии паҳншавии ин мардум аз тарафи чиниҳову турку тибетиҳо ва ғайра барои номгузории қавму халқиятҳои эронӣ истифода шудааст”.
Боби III бо номи «Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор» аз чор фасл иборат аст. Дар фасли аввал «Истилои араб ва оқибатҳои он барои забон ва фарҳанги мардуми Эронзамин» ва фасли дувум «Наҳзати тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) дар Хуросону Мовароуннаҳр» як давраи аз лиҳози таърихи забони мо печидаву торик ва буғранҷу мураккаб мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар он лаҳзаҳои фалокатбори таърих, ки масъалаи буду набуди ҳастии маънавии ниёкони мо ҳал мегардид, хориқаи забон, фарҳанг ва тамаддуни бостонии мо муъҷизаосо рӯйи кор омад ва растохези маънавии қавмҳои ориёиро дар саросари қаламрави хилофат тавлид намуд. Бонги ин растохез аз оғози давраи таҷаддуду эҳёи тоҷикон ва қавмҳои дигари ориёӣ башорат дод.
Ду фасли дигари ин боб «Забони модарии мо дар аҳди Тоҳириён» ва «Саффориён ва эҳёи давлатдории миллӣ» ба масъалаҳои рушди забони мо дар давраи сароғози истиқлолияти сулолаҳои маҳаллии эронитабор баҳс мекунанд.
Боби чорум «Забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин» ном дошта, аз чор фасл иборат аст. Дар ин фаслҳо, аз ҷумла дар ду фасли аввал «Куҳантарин намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ ва «Нахустин осори хаттии назму насри тоҷикӣ» оид ба аввалин намунаҳои хаттӣ дар се бахш: осори ҷудогона, ибораҳо, таъбирҳо ва ҳатто ҷумлаҳои дар осори арабӣ нақлшуда, намунаҳои назму наср маълумот дода шудааст. Дар фаслҳои минбаъда «Замина ва омилҳои ташаккули забони адабӣ» ва «Забони илм ва ташаккули истилоҳот» чунин хулоса шудааст.
-  Забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) забони қадимӣ буда, зодгоҳи аслии он Хуросону Мовароуннаҳр, саҳеҳтараш канори чапу рости дарёи Омӯст. Ба иборати дигар, ин забон дар заминаи забонҳои бумии ин марзу бум: суғдӣ, тахорӣ, портӣ… ва дар фароянди доду ситад ва ҳамёриву ҳамтаъсирӣ бо забони паҳлавӣ (форсии миёна) аз ҳисоби ин забонҳо дороӣ афзуда, ташаккул ёфт ва ба дараҷаи забони илмиву адабӣ расид;
-    фасоҳату балоғати забони қадимтарин осори боқимондаи илмиву адабии ин забон бозгӯйи ин ҳақиқат аст, ки ин забон идомаи мустақими забони форсии миёна ё шакли таҳаввулёфтаи вай нест, балки то густариши ислом ба сифати забони мустақил дар баробари забони форсии миёнаи сосонӣ вуҷуд дошт;
-    забони тоҷикӣ бо шарофати сиёсати фарҳангпарвари Тоҳириёну Саффориёну Сомониён ва дигар хонаводаҳои эрониасл ба сифати забони илму адаб аз маҳдудаи як забони миллӣ берун гардид ва дар асрҳои баъдӣ дар як қисмати бузурги қитъаи Осиё ба забони байналмилалӣ табдил ёфт.
-   Забони намунаҳои боқимондаи назму насри тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) дар ғояти пухтагиву расоӣ буда, аз пешинаи дерини назму наср ба ин забон гувоҳӣ медиҳад, ки мутаассифона, аксари ин осор ва номи гӯяндагони он то замони мо нарасидааст.
Пажӯҳишгарон андеша доранд, ки забони тоҷикӣ ҳадди ақал ду-се қарн бояд таърих ва дар миёни мардум ривоҷ дошта бошад, то дар асри Х он қудрат ва тавоноиро пайдо кунад, ки шеъре чун шеъри Рӯдакӣ ба он забон гуфтан имконпазир гардад. Ин даста муҳаққиқон вуҷуди забони форсии дариро то қабл аз ислом ва ҳадди ақал ба асрҳои V-VI милодӣ пеш мебаранд. 
Бо вуҷуди ихтилофи назар дар масъалаи замон ва макони пайдоиши забони дарӣ доир ба таҷаллигоҳ ва маҳали зуҳури шеъру адаб ба ин забон, яъне Хуросону Мовароуннаҳр, донишмандон дар маҷмӯъ иттифоқи назар доранд. Зеро аксари суханварон ва нависандагони давраи аввали забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) аз мардуми ин диёр ва махсусан минтақаи Балх бархостаанд. Шоироне, ки ашъорашон дар «Луғати фурс» - и Асадӣ (нимаи қарни XII) омадааст, асосан аҳли шаҳрҳои Балх, Бухоро, Самарқанд, Ҳирот, Марв, Тӯс, Сарахс, Систон ва баъзе ободиҳои дигари Хуросон буданд.
Аксари осори насрии ин аҳд, аз ҷумла “Тафсири Қуръон” ва осори дигари таърихию илмию ахлоқӣ, аз қабили “Донишнома”-и Майсарӣ, “Ҳудуд-ул-олам”, “Рисолаи истихроҷ” ва “Шуморнома”-и Муҳаммад Айюби Табарӣ, “Ҳидоят-ул-мутааллимин фӣ-т-тибб”-и Абубакри Ахавайнии Бухороӣ, “Таърихи Систон”, “Китоб-ул-абния”-и Муваффақи Ҳиравӣ, “Синдбоднома” ва ғайра бо забони содаю равони форсии дур аз такаллуфу печидагуфторӣ таълиф ва ё аз забонҳои арабӣ ё форсии миёна тарҷума гардидаанд.
Боби панҷум «Давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ» ном дошта ба густариши забони модарии мо дар давраҳои Сомониён, Ғазнавиён, Повандиёӣ (Зиёриён) ва Оли Бӯя ё Бувайҳиён бахшида шудааст. Он аз панҷ фасл иборат буда, ду фасл, «Забони модарии мо дар аҳди Сомониён» ва «Вижагиҳои забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён» махсусан ба рушду густариши забони тоҷикӣ дар давраи Сомониён ихтисос дода шудааст, ки ба таври фишурда муаллиф онро чунин хулоса кардааст:
Эҳёи забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) ҳамчун забони расмӣ дар замони Тоҳириён шурӯъ гардида, дар аҳди Саффориён ривоҷу равнақ пайдо намуд ва дар даврони Сомониён ба авҷи аъло расид. Забони тоҷикӣ - форсӣ, ки мояи ифтихор ва василаи сарнавиштсозу ваҳдатофари қавмҳои эронинажод аст, дар давраи ҳукмронии Сомониён ба сифати забони расмӣ ва омили ҳамбастагии миллӣ дар тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи давлати Сомониён рушду боландагӣ ёфт ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид.
Забони тоҷикӣ дар рӯзгори шукӯҳу таҷаммули давлати сомонӣ дар қаламрави ин давлати муқтадир наҳзату шукуфоии бесобиқа пайдо кард ва бар асари футуҳоти Сомониён ва ислом овардани қабилаҳои турки саҳронишин дар шимолу шарқи ин сарзамин густариш ёфт.
Боби шашум «Густариши забони тоҷикӣ» ба сифати забони байналмилалӣ» аз панҷ фасл: «Густариши забони мо ба минтақаҳои дигари ҷаҳон», «Забони тоҷикӣ дар аҳди Салҷуқиён», «Забони модарии мо дар аҳди Ғуриён», «Забони тоҷикӣ дар аҳди Хоразмшоҳиён» ва «Нуфузи забонҳои бегона ба забони мо» иборат аст. Хулоса, тавре муаллифи китоб менигорад, густариши бештари ин забон ба манотиқи дигари ҳамҷавор ба замони давлатдории ҳокимони баъдии ғазнавию ғурӣ ва салҷуқӣ рост меояд. Ба таъбири дигар, Ғазнавиёну Ғуриён ва Салҷуқиён сиёсати забонгустарии Сомониёнро идома бахшиданд ва доираи корбурди забони тоҷикиро дар шарқу ҷануб то сарзамини Ҳинду Синд ва дар ғарб то Осиёи Сағиру Сурия густариш доданд.
Дар охир боз ҳам ба пешгуфтори китоби «Забони миллат-ҳастии миллат». Китоби якум, “Ба сӯйи боландагӣ” рӯ меорем, ки муаллиф мефармояд: “Вале дар фархундарӯзгоре, ки сохтору шеваи зиндагии мо ба куллӣ дигаргун шуда, Тоҷикистони мустақилу соҳибихтиёр ба сӯйи истиқлоли фарҳангӣ роҳ мепаймояд, лозим аст, ки забони худро низ ба дараҷаи як забони ҷӯёву инъитофпазир ва зояндаву таҳаммулпазири муосир такмилу тақвият бахшем, то ин ҳама таҳаввулот ва дигаргуниҳои бунёдии солҳои охири ҷомеаи моро инъикос карда, бо корвони тезрави фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамроҳ ва ҳамсафар бошад. Барои ин ба такрор хотирнишон мекунем, ки мо бояд ба таърихи забони худ рӯй оварда, рӯзгори ҷавонӣ, даврони нашъунамо, авомили зояндагии камназир ва густаришу боландагӣ ва, албатта, сабабҳои шикасту заъфи онро аз ибтидо то имрӯз амиқтар омӯхта, зеботарин ва коромадтарин унсурҳои мавриди ниёзи даврони худро пайдо намоем, аз таҷрибаи ҳамзабонон, он чи ба табиати забони мо созгор аст, баҳра бардорем, қолабҳо ва унсурҳои суннатии вожасозиро бо истифода аз осори гузаштаи хеш фаъол созем, бори нуфузи забонҳои бегонаро, албатта, ҳар он чи таҳмилӣ аст, аз дӯш барандозем”.
Сайфиддин НАЗАРЗОДА,
доктори илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2016    №: 253, 256-257    Мутолиа карданд: 48579
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед