logo

ҳуқуқ

ПЕШГИРӢ АЗ ХАТАР. БЕШ АЗ 368 КИЛОГРАММ МАВОДИ НАШЪАОВАР СӮЗОНДА ШУД

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабр дар ҳузури комиссияи махсус, ки аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма созмон ёфта буд, 368 килограмму 271 грамм маводи нашъаоварро оташ заданд.

Аз маҷмӯи маводи сӯзондашуда, ки дар робита ба он 17 парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, ҳукми суд низ содир шудааст, 7 килограмму 984 грамм героин, 110 килограмму 910 грамм афюн, 111 килограмму 425 грамм ҳашиш, 136 килограмму 700 грамм бангдона ва 1 килограмму 250 граммро ҳаби маводи нашъаовари синтетикии экстазӣ ташкил медиҳад.
Ин миқдор маводи нашъаовар, ки дар сурати ҷилавгирӣ нашудан метавонист, ҳаёти садҳо нафарро зери хатар гузорад, аз тарафи кормандони агентӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардидааст. Бо ҳамин, ҷамъи маводи нашъаовари дар бухории махсуси агентӣ сӯзондашуда ба 17,5 тонна расид, ки дар зарфи ҳабдаҳ соли охир мусодира шудааст.
Маросими сӯзондани беш аз 368 килограмм маводи нашъаовар дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл аз он, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби амалиёти «Кӯкнор - 2016» як гурӯҳи қоҷоқбарро боздошт ва аз онҳо ба миқдори калон-208 килограмм маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карданд. Бар пояи иттилои дафтари матбуоти агентӣ ин гурӯҳи муташаккили байналмилалии ҷиноятпеша ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст зада, интиқоли онро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия ба роҳ монда буданд.
Зимни тафсилоти хабар ба мо иттилоъ доданд, ки рӯзи 13 декабри соли ҷорӣ кормандони агентӣ ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе автомашинаи “Опел-Астра”- ро, ки онро сокини шаҳри Кобул, шаҳрванди 30 - солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сиддиқи Муҳаммад Зирак идора мекард, боздошт ва ин миқдор маводи нашъаоварро аз дохили нақлиёти таҳти идораи ӯ мусодира карданд. Дар идомаи амалиёт бо гумони даст доштан ба ин ҷиноят сокини 48 - солаи шаҳри Душанбе Бобоев Нуралӣ Давлатович бо тахаллуси “Нури Қарағоч” низ боздошт гардидааст. Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки боздоштшуда автомашинаи худро ба шаҳрванди Афғонистон бо мақсади дастрас намудани маводи нашъаовар дода будааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад ва барои муайяну боздошт намудани аъзои боқимондаи ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ чораҳои зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2016    №: 253    Мутолиа карданд: 4037
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед