logo

ҳуқуқ

МАРДУМФИРЕБӢ. ҚАЛЛОБОН БА ДАСТ АФТОДАНД

Директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кишвар-2010» Зарифӣ Маҳмадшариф аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон ҷиҳати аз ҳисоби фурӯши машруботи спиртии пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок фоидаи калони пулӣ ба даст овардан, даст ба ҷиноят зад.

Номбурда аввалҳои моҳи декабри соли равон дар шароити ғайрисанитарӣ ба миқдори махсусан калон машруботи спиртии намуди арақ ва конякҳои гуногунтамғаро дар зарфҳои шишагӣ ва пластмассии ба меъёрҳои муқарраргашта ҷавобгӯ набуда ҷо карда, бо мақсади минбаъд ба фурӯш гузоштан дар анборҳои ҷамъият нигоҳ доштааст. Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, мақомоти прокуратура ва амният зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯии муштарак аз анборҳои ҶДММ «Кишвар - 2010» арақҳои тамғаи «Вайбер», «Кишвар», «Хӯшаи гандум», «Тоҷикистон кишвари ман», «Мирная водка», «Зелённый газон», «Секрет фирмы», «Дедушкин запас», «Гандумӣ», «Элит», «Тоҷикистон асрина», «Чистая проба», «Столичная», «Хлебная слеза», «Ашки гандум», «Сарез» ва конякҳои тамғаи «Кремлин», «Белый аист», «Кишвар», «Чёрный элексир», «Чёрный аист», «Жемчуг», «Столичная» ба миқдори зиёда аз 15 000  шишаи гуногунҳаҷм ва беш аз 5 000 литр машруботи спиртии тайёршударо, ки дар зарфҳои махсуси калонҳаҷм нигоҳ дошта мешуданд, мусодира намуданд.
Мувофиқи хулосаҳои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе машруботи спиртии аз корхона ва анборҳои он дарёфтшуда, ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда, ба саломатии инсон хатарнок мебошанд.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати мазкур бо аломатҳои моддаи 209 ва 294 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол гардидааст.
Дар ҳолати дигар кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе зимни гузарондани амалиёти вижаи гумрукӣ дар анбори махсусгардондашудаи № 6, воқеъ дар рӯ ба рӯи бозори «Деҳқон»-и шаҳри Душанбе, воридоти ғайриқонунии себ ва ноки истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чинро ошкор намуданд. Аз ҷониби шаҳрванд М. Самадов, ки 5340 килограмм себ ва 2097 килограмм ноки ошкоршуда ба ӯ тааллуқ дошт, ягон ҳуҷҷати дахлдор пешниҳод нагардид.
Оид ба ҳолати мазкур бо аломатҳои моддаи 597 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои харидан, нигоҳ доштан, ҳамлу нақл, истифодабарӣ, ихтиёрдории мол, мусоидат намудан ба фурӯши мол ё воситаи нақлиёте, ки бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ ба ҳудуди давлат зимни вайрон гардидани қоидаҳои гумрукӣ ворид шудаанд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гашт.
Додоҷон РӮЗИЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2016    №: 254    Мутолиа карданд: 3843
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед