logo

маориф

ОСОРХОНА ҶУЗЪИ МУҲИМИ МАКТАБ БОЯД БОШАД

Осорхонаи мактабӣ яке аз гӯшаи фарҳангиест, ки дар таркиби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади ҳифзу ҷамъоварии ёдгориҳои таърихӣ - фарҳангӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон, Ватан, оила, устод, омӯзиш ва истифодаи ашёҳо, дар тарбияи ватанпарастӣ, зебоиписандии наврасон ва ташаккули шуури хонандагон таъсис дода мешавад.
Хушбахтона, дар замони истиқлолият бо ташаббуси омӯзгорон, волидайни мактаббачагон ва дигар ашхоси ғамхори фарҳангу Меҳан  осорхонаҳои мактабӣ низ рушд ёфта истодаанд. Аз 30 осорхонаи мактабии ҷумҳурӣ, ки миёни онҳо таҳқиқот гузаронда шуд, таъсиси 20 адади он ба давраи истиқлолият рост меояд. Дар фонди  осорхонаҳои мактабии кишвар ашёҳо ва нигораҳое нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз таърихи корхонаҳои истеҳсолӣ, мактаб, қаҳрамонони ҷангу меҳнат ва дигар воқеаҳои муҳими таърихию ҷамъиятии ҳамон маҳал  маълумот медиҳанд.
Тибқи  муқарароти соҳавӣ осорхонаҳои мактабӣ ба таърихӣ, таърихӣ - кишваршиносӣ, таърихӣ - ҳарбӣ, таърихӣ - маҳаллӣ, адабӣ, бадеӣ, техникӣ ва ғайра ҷудо мешаванд, ки вобаста ба он нигораҳо  ба намоиш гузошта мешаванд. Амсоли нигораҳои осорхонаи адабии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54 ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Душанбе, ки дар он аксари ашёҳо мансуб ба асри XX буда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ҳикоят мекунанд. Акси худи устод низ дар рӯйи матоъ аз тарафи хонандаи ҳамин мактаб кашидадӯзӣ ва ба намоиш гузошта шудааст.
Миёни осорхонаҳои мактабии ҷумҳурӣ осорхонаҳои таърихӣ -маҳаллӣ ҷойгоҳи махсуси худро пайдо намудаанд. Дар ин осорхонаҳо нигораҳо бозгӯйи воқеаҳои таърихии маҳали зисти сокинон мебошанд, ки ба наврасон хеле таъсиргузор аст. Осорхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 16 - и  ноҳияи Ҷаббор Расулови Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз аз зумраи ҳамин гуна осорхонаҳост.
Бунёди осорхонаҳои мактабӣ, ҳамчун муассисаи тарбиявии наврасон дар кишвар идома дорад. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 7 - и ноҳияи Данғара осорхонаи мактабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Мақсади ташкили осорхона  арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби дигар ба тарбияи ватанпарастӣ, ифтихори ватандории хонандагон таъсирбахш аст.
Хуршеда МУМИНОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2016    №: 255    Мутолиа карданд: 6075
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед