logo

маориф

ВОКУНИШ ТАҲЛИЛҲО НИШОН ДОДАНД...

Мақолаи рӯзноманигор Ҷовиди Аштӣ, ки таҳти унвони «Нигаронӣ аз камбудиҳои зиёд дар соҳаи маорифи вилояти Суғд» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 6 декабри соли 2016 ба табъ расидааст, дар машварати кории назди сардори раёсати маорифи вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Чуноне  муаллифи мақола зикр менамояд, айни замон яке аз муаммоҳои ҳалталаби соҳа зиёд будани шумораи хонандагон дар синфҳо ва ҷавобгӯ набудани масоҳати синфхонаҳо ба шумораи хонандагон мебошад. Дар шароити кунунӣ бар асари сол то сол афзудани шумораи аҳолӣ, аз ҷумла насли наврас синфхонаҳо барои мувофиқи талабот ба роҳ мондани таълиму тарбия дар аксари муассисаҳои таълимӣ намерасанд. Аммо ба хотири аз доираи таҳсил берун намондани хонандагон аз меъёр зиёд ҷойгир намудани онҳо ягона роҳи ислоҳи  вазъият мебошад.
Танҳо давоми соли равон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар сарпарастон 50 муассисаи нави таълимӣ ба фаъолият сар карда, дар 61 мактаби бунёдшаванда корҳои сохтмонӣ идома доранд. Таъмиру навсозӣ, бунёди синфхонаҳои иловагию мактабҳои нав дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта, давра ба давра татбиқ шуда истодааст ва ин ҳама ба хотири мутобиқ сохтани ҷойгиркунии толибилмон мувофиқи талабот мебошад.
Мавҷудияти 35 мактаби дар ҳолати садамавӣ қарордошта боварибахш нест. Аммо ҳанӯз мактабҳои дар ҳолати қисман садамавӣ қарордошта ҳастанд ва барои ба ҳолати хуб овардани онҳо пайваста чораандешӣ мешавад. Дар давоми 4-5 соли охир дар миқёси вилоят тамоми мактабҳои дар дохили вагон ва манзили одамон ҷойгирбуда бо бинои алоҳида таъмин гардида, таҳсили себаста тамоман барҳам дода шуд. Илова бар ин, биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта низ таъмиру тармим гардиданд.
Раёсати маориф зимни ҳар як ҷаласаи мушовара аз байн бурдани маблағҷамъкунии ғайриқонунӣ, гирифтани пеши роҳи амалҳои коррупсионӣ, ташкили машғулиятҳои иловагии пулакӣ ва мувофиқа намудани нархномаи таълим дар муассисаҳои ғайридавлатӣ бо Хадамоти зиддиинҳисориро баррасӣ менамояд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар ин маврид аз ҷониби хадамоти мазкур низ ба камбудиҳо роҳ дода мешаванд. Дар аксари нархномаҳои тасдиқгардида, ки аз ҷониби прокуратураи вилоят манзур шуд, имзоҳои дахлдор мавҷуд нестанд. Бо назардошти ин, ҳамаи сарварони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ вазифадор шуданд, ки дар давоми 10 рӯз нархномаи хизматрасонии пулакиро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа намоянд.
Муқоисаи нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки дастовардҳо дар самти ҷорӣ намудани либоси ягонаи мактабӣ, ба мактаб  ҷалб намудани наврасони оворагард, фарогирӣ ба зинаи сеюми таҳсилот, пешгирии амалҳои номатлуб аз ҷониби хонандагон бештар шуда истодаанд. Албатта, ин самти фаъолиятро минбаъд боз ҳам пурзӯртар хоҳем кард.
Муаллифи мақола аз фаъолият доштани баъзе кормандони соҳа бо дипломҳои қалбакӣ бо таассуф ёдовар шудааст. Тибқи қоидаи маъмулӣ ҳар нафар ҳангоми қабул шудан ба кор диплом ё худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаро дар бораи таҳсилоташ пешниҳод менамояд. Қалбакӣ ё ҳақиқӣ будани онро танҳо мутахассиси мақомоти марбута метавонад муайян созад.
Албатта, бо вуҷуди корҳои назарраси баанҷомрасида ҳанӯз муаммою мушкилоти ҳалталаб, камбудию норасоиҳо зиёданд, ки баррасию ислоҳашон вақти муайян, ҳамбастагии мактаб, оила ва ҷомеаро тақозо менамоянд.
О. КАРИМЗОДА,
сардори раёсати маорифи вилояти Суғд      


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2016    №: 255    Мутолиа карданд: 5885
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед