logo

ҳуқуқ

МИЗИ МУДАВВАР: МАҲБУСОН БА КОР ҶАЛБ МЕШАВАНД

Ба кору омӯзиш фаро гирифтани маҳкумшудагону маҳбусон ва дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда аз мавзӯоти меҳварии мизи мудавваре буданд, ки ахиран дар шаҳри Душанбе доир шуд. Дар он наздик ба 60 намояндаи ниҳодҳои иҷрои ҷазои ҷиноятии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва коршиносони байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Илҳом Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, перомуни мавзӯи мавриди баҳс ибрози назар намуда, зикр сохт, ки баргузории ин ҳамоиш гувоҳи зиндагии мо дар ҷомеаи озод аст. Дар Тоҷикистон маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ маҳбусонро мувофиқи имконияту маҳорат ва касбияташон ба кор ҷалб мекунанд. Иқдоми мазкур саривақтӣ ва хеле муҳим буда, аз муассиртарин тадбирҳои тарбиявӣ шинохта мешавад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳсозии шароити нигаҳдории маҳбусон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар пайи ривоҷи имконоти истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ мебошад, - изҳор дошт Нурулло Ҷалолов, муҳандиси калони Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд. - Биноан, соли гузашта Ҳукумати мамлакат барномаи шашсолаи таъсиси ҷойи кор ва рушди истеҳсолот дар муассисаҳои ислоҳии кишварро оғоз кард. Дар барнома омӯзиши касб ва кори музднок барои маҳбусон низ пешбинӣ гардида, баҳри амалисозии он дар баробари ҷудо кардани маблағҳои буҷетӣ ҷалби сармояи созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд ҳам дар назар аст. Ба гуфтаи ӯ, буҷети барномаи мазкур 1 миллиону 889 ҳазор доллар ҳисоб шудааст.
Азамат Шамбилов, сарвари намояндагии Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо (PRI) дар Осиёи Марказӣ, бар ин бовар аст, ки бо кор таъмин кардани маҳбусон ва рушди истеҳсолот яке аз василаҳои умдаи ба ҳаёти осоишта баргардондани собиқ маҳкумшудагон аст. Вай афзуд: “Барномаи ду сол пеш қабулкардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ нахустин маҳсуб меёбад. Дар Қазоқистон дурнамои ҳамсон дар моҳи декабри соли 2016 пазируфта шуда, Қирғизистон дар ҳоли таҳия ва тасвиби он аст. Аз ин рӯ, мо аз чунин ташаббуси Тоҷикистон истиқбол менамоем”.
Ба андешаи ӯ, маҳбасҳои Осиёи Марказӣ, ки мероси замони шӯравӣ ҳастанд, ниёз ба таҷдиди сохтору мудирият доранд. “Мо омодаем, ки ҳар як иқдоми созандаи ба ислоҳоти маҳбасҳо рабтдоштаро дар кишварҳои пасошӯравӣ дастгирӣ кунем”, - изҳор дошт Азамат Шамбилов.
Гуфта шуд, ки дар миқёси олам ҳамасола ҳудуди 10 миллион нафар дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунад. Аз ин шумор наздик ба 700 ҳазораш зан аст. Ҳар сол аз маҳбасҳои Осиёи Марказӣ беш аз 40 ҳазор кас ба озодӣ мебарояд, ки ба ёрию дастгирӣ ниёз доранд. Ба хотири расидагии муассир ба мушкилоти онҳо, ба гуфтаи роҳбари Дафтари барномавии Раёсати мухаддирот ва ҷинояткории СММ дар Тоҷикистон Амелия Ҳаннофорд, ҳамакнун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сар аз соли 2015 то соли 2019 як қатор тадбирҳои муфид амалӣ шуда истодаанд. “Умедворам, ки бо баҳрабардорӣ аз ин ҳамоиши сатҳи баланд дар боби заминагузории ҳаёти муқаррарӣ барои маҳбусон ва ҳалли масъалаҳои марбута мутасаддиёну коршиносони кишварҳои мавриди назар кӯшишҳои бештару беҳтар ба харҷ медиҳанд”, - тазаккур дод хонум Ҳаннофорд.
Дар интиҳо ҷониби Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои зирабти кишварҳои ҳамҷавор хушбинии худро оид ба беҳбуди фароҳамоварии таълиму тадрис ва бо кор таъмин кардани маҳбусону маҳкумшудаҳо баён карданд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 3757
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед