logo

ҳуқуқ

САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР КАДОМ АСОС ВА ЧӢ ТАВР БОЯД СУРАТ ГИРАД?

Мусаллам аст, ки баробари рушди соҳибкории хурду миёна дар низоми фаъолияти соҳибкорӣ масоили баҳсталаби ҳуқуқӣ низ ба миён меоянд. Ин далелро суолҳои зиёди хонандагон ба гӯшаи “Пурсишу посух” - и рӯзномаи “Ҷумҳурият” рӯшан сохт. Аз ин рӯ, ба манзури дарёфти посух ба пурсиши хонандагон атрофи санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ аз Фарҳод Тоиров, ҳуқуқшиноси дараҷаи 3, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи мавзӯъро хостем, ки фишурдаи он чунин аст:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, ки аз 1 июли соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт, асосҳои ҳуқуқии гузарондани санҷиш, тартиб ва расмиёти ягонаи гузарондани он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷиширо муқаррар намуд. Мувофиқи муқаррароти қонуни мазкур шахсони мансабдоре, ки назорат ва санҷиши фаъолияти соҳибкориро ба зимма доранд, барои ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон ва барои содир намудани амал (беамалӣ) - ии ғайриқонунӣ дар вақти санҷиш, метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Шахсони мансабдор, аз ҷумла уҳдадор шудаанд, ки зимни гузарондани санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ ба соҳибкори санҷидашаванда қарор дар бораи гузарондани санҷиш, шаҳодатномаи хизматӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд.
Санҷишгар ба фаъолияти соҳибкор оид ба масъалаҳои ба мавзӯи санҷиш вобастанабуда дахолат карда наметавонад ва ҳуқуқ надорад, ки ҷаримаҳоро бо тариқи нақдӣ ситонад. Ҳангоми набудани соҳибкор ва ё намояндаи ваколатдори ӯ гузарондани санҷиш манъ карда шудааст. Аз ҷумла, паҳн намудани маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, хизматӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошад, мумкин нест.
Санҷишҳо нақшавӣ ва ғайринақшавӣ мешаванд. Онҳоро дар намуди ҳуҷҷатӣ ва сайёр гузарондан мумкин аст. Санҷиши ҳуҷҷатӣ дар маҳали ҷойгиршавии мақомоти санҷиш гузаронда шуда, санҷиши сайёр бошад, дар маҳали ҷойгиршавии фаъолияти соҳибкорӣ ба амал бароварда мешавад. Мақомоти санҷишӣ дар ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо санҷиши нақшавии фаъолияти соҳибкорро мутобиқи нақшаи солонаи гузарондани санҷишҳои нақшавии аз ҷониби мақомоти марказии санҷиш тасдиқшуда мегузаронанд.  Муҳлати гузарондани санҷиши фаъолияти молиявии шахси ҳуқуқӣ набояд аз 20 рӯзи корӣ, соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти худро дар асоси шаҳодатнома амалӣ менамояд, набояд аз 5 рӯзи корӣ ва соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти худро дар асоси патент амалӣ менамояд, набояд аз 2 рӯзи тақвимӣ зиёд бошад. Муҳлати умумии гузарондани санҷиши сайёри нақшавӣ нисбат ба субъектҳои соҳибкории калон 10 рӯзи корӣ, субъектҳои соҳибкории миёна 5 рӯзи корӣ ва субъектҳои соҳибкории хурд 2 рӯзи кориро дарбар мегирад.  Ин муҳлатҳоро дар ҳолатҳое, ки агар гузарондани таҳқиқот, омӯзиш, экспертиза ва ё тафтиш зарур бошад, дароз кардан мумкин аст.
Санҷиши ғайринақшавӣ бо ташаббуси соҳибкор (субъекти хоҷагидор) дар асоси аризаи хаттии он, ба мақомоти санҷишӣ ворид шудани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумот аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба далелҳои расондан ё эҳтимолияти баланди расондани зарари ҷиддӣ ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, амнияти миллӣ, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо мақсади пешгирии ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода гузаронда мешавад.
Агар соҳибкор ба хулосае ояд, ки дар вақти гузарондани санҷиш шахсони мансабдор бо амал (беамалии) худ ба поймолкунии ҳуқуқҳои ӯ роҳ додаанд,  метавонад ба мақомоти судӣ ва прокуратураи маҳали фаъолияти соҳибкории худ, инчунин роҳбарияти ниҳоде, ки шахси мансабдор санҷиш гузарондааст, шикоят барад. Санҷиши иловагӣ танҳо дар ҳолате гузаронда мешавад, ки агар соҳибкор (субъекти хоҷагидор) аз натиҷаи санҷиш розӣ набошад. Шикояти субъектҳои хоҷагидор бояд дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ, аз рӯзи қабули шикоят, аз ҷониби мақоми санҷиш баррасӣ гардида, нисбат ба он қарори асоснок қабул карда шавад.
Маврид ба ёдоварист, ки давлат ва Ҳукумати кишвар таъмини пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор дода, барои дастгирии соҳибкорон, фароҳам овардани шароити мусоиди ташаккули соҳа тавассути муқаррар кардани имтиёзҳои гуногун дар соҳаи андозбандӣ, пардохти боҷи гумрукӣ, ҷорӣ намудани мораторий барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ месозад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 3752
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед