logo

ҳуқуқ

САРҲАД. ТИРИ ҚОЧОҚЧИЁН ХОК ХӮРД

Соли 2016 хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти қудратии мамлакат аз қочоқчиён ба миқдори 904 килограмму 240 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира намуданд.

Аз Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ ба мо хабар доданд, ки соли равон доир ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, ки меҳвари фаъолияти  ҳайати шахсӣ ва хизматчиёни ҳарбии ин ниҳод мебошад, корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Марзбонони тоҷик дар доираи иҷрои рисолати худ оид ба муҳофизати сарҳади давлатӣ 598 нафар марзшиканро боздошт ва аз 14 ҳолати кӯшиши убури ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ карданд.
Бино ба иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, роҳбари Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ, соли равон дар сарҳади давлатӣ бо қочоқчиёни маводи мухаддир 27 маротиба даргирии мусаллаҳона ба амал омада, 14 қочоқчӣ безарар, 6 нафар захмӣ ва 18 тани дигар дастгир шуданд. Дар натиҷаи амалиётҳои анҷомшуда 27 адад яроқи оташфишони тамғаҳои гуногун, 1310 дона тир, 3 адад норинҷаки дастӣ, 296 килограмм маводи тарканда дарёфт ва мусодира гардидааст.
Соли равон аз қочоқчиёни молҳои ниёзи мардум  86,5 тонна сӯзишвории дизелӣ, 36,5 тонна бензин, 30 тонна гази моеъ, 14 тонна ангиштсанг, 15 тонна пиёз, 17,5 тонна меваи хушк, 18,6 тонна орд, 378 сар моли майда ва калони шохдор дарёфту мусодира гашт. Дар ин робита, аз қочоқчиёни молу колои гуногун зиёда аз 140 000 сомонӣ ҷарима ба фоидаи давлат ситонда шуд. 
Ҳушёриву зиракии сарҳадбонони тоҷик дар ҳолест, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ сол ба сол иқтидори бештари мудофиавӣ касб намуда, дидбонгоҳҳои наву замонавӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосир таъмин мешаванд. Чунончи, соли 2016 дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 адад дидбонгоҳи нав мавриди истифода қарор гирифт. Дидбонгоҳҳо дорои дафтари корӣ, хобгоҳ, синфхонаҳои таълимиву компютерӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ ва ҳаммому майдончаҳои варзишианд. Бино ба таъкиди масъулони Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ, сохтмони дидбонгоҳҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидаанд.
Ҳамзамон, дар доираи ҳамкориҳои судманди ҳарбию техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷониби Ҳукумати ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадӣ 59 адад нақлиёти гуногунтамға, 286 маҷмӯи лавозимоти зарурӣ барои сарҳадбонон, 930 маҷмӯи воситаи алоқа ва дигар таҷҳизоти зарурии хизматӣ - ҳарбӣ тақдим шудааст.
Ҷамъбасти фаъолият нишон медиҳад, ки соли ҷорӣ сатҳи ҷинояткорӣ дар байни хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи Муҳаммад Улуғхоҷаев, тақвияти корҳои инфиродӣ -тарбиявӣ дар байни сарбозону афсарон ба ин омил мусоидат кардааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 3690
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед