logo

ҳуқуқ

БА ОЯНДА БО ҚАДАМҲОИ УСТУВОР

Масъалаи муҳиме, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол боисрор таъкид мегардад ва бе пиёда намудани он  расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ғайриимкон аст, ин дуруст муайян намудани ҳадаф ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзу фардои рушди давлатдорӣ мебошад. Чуноне ки Пешвои миллат зикр карданд, кишвари мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, ба сӯи ояндаи  ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.

Дар ин замина, Пешвои миллат фаъолияти 25 -  солаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бо пешниҳоди далелҳои асоснок назаррас  эълон карда, дастовардҳои мавҷударо натиҷаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеаи Тоҷикистон, ягонагии манфиатҳои ҳокимият ва ҷомеа, инчунин дастгирӣ ёфтани фаъолияти созандаи давлат ва Ҳукумат арзёбӣ намуданд. 
Масъалаи муҳими дигаре, ки боиси таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистон гардид,  ин соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 мебошад.  Маврид ба зикр аст, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ҷавонони мамлакат аз сиёсати давлатии пешгирифтаи он кас ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон сарчашма мегирад. Ин амал дар ислоҳоти конститутсионӣ, яъне тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  22 майи соли равон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ворид гардиданд, дастгирии бевоситаи худро ёфт. Тавассути ин ислоҳоти конститутсионӣ давлат ва Ҳукумат бори дигар нақши созандаи ҷавононро дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва  иҷтимоию  фарҳангӣ таъкид  намуда, барои иштироки бевоситаи онҳо дар идоракунии давлат роҳи васеъ кушод.
Минбаъд ҷавонони сисолаи кишвар тавассути фаъолияти самараноки худ метавонанд мансабҳои олии ҳокимияти давлатиро дар мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ишғол намуда, дар бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати демокративу ҳукуқбунёд ва иҷтимоӣ нақши бевоситаи худро гузоранд. Давлатро ба ҳадафҳои стратегии дар назди он гузошташуда,  ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва афзун намудани арзишҳои давлатдорӣ, таъмини қонунияти конститутсионӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд раҳнамун созанд.
Ҳадафҳои дар Паёми Пешвои миллат омада,  чуноне  ки изҳор дош-танд, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, онҳо аз заҳмати содиқона ба нафъи Ватани азизамон, корҳои бунёдкориву созандагӣ, қобилияти ташкилотчигӣ ва кӯшишу талоши аҳлонаи тамоми мардуми Тоҷикистон вобастагии амиқ доранд. Ҳамзамон,  муттаҳидӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарки манфиатҳои давлатию миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти баланди миллӣ шарти зарурии расидан ба ҳадафҳои конститутсионии  бунёди давлати иҷтимоӣ ва таъмини  некуаҳволии мардуми Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд, ки мо ба ин марҳалаи таърихӣ рӯз ба рӯз  наздиқ мешавем ва қадамҳои устувор мегузорем.
Карим КАРИМЗОДА, 
муовини раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2016    №: 256-257    Мутолиа карданд: 3971
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед