logo

ҳуқуқ

СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ АЗ ПЕШНИҲОД ОИД БА ОМӮЗИШИ ҲАТМИИ КОНСТИТУТСИЯ ИСТИҚБОЛ КАРД

Ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли масоили вобаста ба об ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра ва дастрасии онҳо ба оби тозаи нӯшиданӣ равона гардидааст.
Ин матлабро Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳури Тоҷикистон, 28 декабр зимни як нишаст оид ба омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва аҳамияти таърихии қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баён намуд. - Боиси сарфарозист, ки дар соли таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ин ташаббуси навбатии байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуда, 21 декабри соли равон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, - изҳор дошт Маҳкам Маҳмудзода.
Аз Суди конститутсионӣ ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш мазмуну муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифта, таъкид шуд, ки ин ҳуҷҷати стратегии ҳадафманд  рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеаро дар як давраи муайян ҷамъбаст намуда, пешбурди сиёсати мутавозини давлатиро бобати иҷрои барномаву стратегияҳои давлатӣ ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ муайян мекунад. Кормандони Суди конститутсионӣ аз пешниҳоди Сарвари давлат оид ба омӯзиши ҳатмии Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ истиқбол намуданд. Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки Пешвои миллат, ҳамчунин ба хотири рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ таҳияи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор тақозо карданд. Ба бовари онҳо амалишавии ин ва дигар ҳадафҳои дар Паём пешниҳодгардида барои рушди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд, ҳамчунин тақвияти манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва якпорчагию ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2016    №: 258    Мутолиа карданд: 3978
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед