logo

ҳуқуқ

ХАРИДИ ДАВЛАТИИ МОЛ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ИН БАХШ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Дар доираи татбиқи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020” Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз 26 то 29 декабри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа чорабиниҳои омӯзишӣ таҳти унвони “Коррупсия дар низоми хариди давлатӣ: вазъи ҷорӣ ва воситаҳои муқовимат ба он”- ро доир намуд.
Дар нишастҳои омӯзишӣ, ки бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ҷараёни татбиқи маҷмӯии Нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020” мавриди гуфтугӯ қарор гирифта, нақши барнома дар паст намудани шиддати коррупсия, пешгирии кирдорҳои номатлуби ришваситонӣ таъкид гардид.
Сафарзода Қутбиддин, муовини сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зимни баргузории нишастҳои омӯзишӣ аз ташаббусҳои дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарҳрезии барномаҳои судманди муқовимат бо коррупсия ёдовар шуда, оид ба тағйиру иловаҳои нав ба қонунгузории зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал дод.
Дар ҳамоиш таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ” дар таҳрири нав мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, ки баҳри бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда заминаи заруриро фароҳам меорад, амри зарурӣ шумурда шуд. Дар ҳамин ҳол, рушди минбаъдаи харидҳои электронӣ, ки дар фаъолияти харидорӣ роҳандозӣ карда шудааст, ҳамчун омили ҳалкунандаи мушкилоти ҷойдошта дар самти истифодаи самаранок ва сарфакоронаи маблағҳои давлатӣ, таъмини шаффофият ва беғаразии расмиёти харид, рушди рақобат миёни молрасонону пудратчиён маънидод гардид.
Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” ба роҳ мондани чунин чорабиниҳоро дар тақвияти мубориза бо коррупсия дар соҳаи хариди давлатӣ пураҳамият ва таъсиргузор унвон кард. - Тибқи таҳлилҳо, хавфҳои коррупсионӣ, асосан дар марҳалаҳои омодагӣ ба харид, аз ҷумла ҳангоми муайян намудани арзиши тахминии харид ва тавсифи техникии предмети он, муқоиса ва арзёбии дархостҳои тендерии довталабон, интихоби ғолиби озмун, тасвиби қарордод ва рафти иҷрои қарордоди хариди давлатӣ вуҷуд доранд. Бо мақсади аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ба лоиҳаи қонуни нав муқаррароти дахлдор пешбинӣ шуда, механизмҳои бозоромӯзӣ, пурра ва воқеъбинона муайян намудани тавсифи техникӣ, баҳодиҳии дархостҳои тендерӣ, интихоби ғолиб, озмоиши сифати мол, кору хизматрасонӣ ва назорати иҷрои қарордодҳо таҳким меёбад, - гуфт Б. Сироҷиддинзода.
Зимни баргузории семинарҳои омӯзишӣ масъалаҳои марбут ба мавзӯъ мавриди муҳокима қарор дода шуда, ба молрасонону пудратчиён саволнома оид ба арзёбии коррупсия дар низоми хариди давлатӣ пешкаш гардид. Агентӣ тасмим гирифтааст, ки пешниҳодҳои субъектҳои хоҷагидориро мавриди таҳлил қарор дода, дар раванди ислоҳоти соҳа аз он истифода хоҳад кард. Гузашта аз ин, масъулони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегия бо баргузории ин чорабиниҳо маҳдуд нагардида, вохӯриҳо бо мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, аз ҷумла бо иттиҳодияҳои соҳибкорон дар соли 2017 идома хоҳанд кард.
Фирӯз ҶУМЪАЕВ, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2016    №: 259    Мутолиа карданд: 5406
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед