logo

ҳуқуқ

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ - МУРОДИФИ АМНИЯТИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ

Дар тамоми давраҳои таърихӣ иттилооти саҳеҳ, пурра ва эътимодноки давлатдорӣ ҳамеша қадр шуда, чун «гавҳараки чашм» ҳифз мегардид. Дар замони мо, ки ҳаҷм, сифат, шумора ва шаклҳои гуногуни маълумот дастраси ҷомеа аст, бе таҳриф ва мувофиқи муқаррарот ба макон ва соҳиби аслиаш рафта расидани он аз масъалаҳои муҳими амнияти иттилоотист.

- Амнияти иттилоотӣ маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида буда, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии фаъолияти компютер, телефон, планшет ва дигар воситаҳои техникӣ вобастагии сахт дорад, - тазаккур дод Силмон Мавлоназаров, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва илмҳои табиатшиносии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба ин мақсад соли гузашта дар донишкада шуъбаи магистратура аз рӯи ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» кушода шуд. Ҳадафи асосии таъсиси ин шуъба, пеш аз ҳама, ба магистрантҳо, ки оянда ҳамчун хизматчиҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногун фаъолият мебаранд, фаҳмондани мақсад ва мароми асосии амнияти иттилоотист, ки ҳоло таъмини он талаби замони муосир аст.
- Шурӯъ аз соли 2014, ки ҳаракатҳои хатарзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» шадидтар гардид, Тоҷикистон ба хотири бехатарии шаҳрвандонаш фаъолияти баъзе аз шабака ва сомонаҳои интернетиро маҳдуд намуд. Ин ҳол боиси норозигии баъзе аз доираҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гашт, ки гӯё дар кишвар дастрасӣ ба иттилоот қаноатбахш нест. Аммо, баъдтар, ки баъзе аз шаҳрвандони тоҷик бо оилаашон ба Сурия рафта, туъмаи ҷанги бегонагон гаштанд, саривақтӣ ва манфиатбахш будани иқдоми Ҳукумату давлат маълум гашт. Мардум ҳар рӯз медиданду мешуниданд, ки аксари ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ пайваста маҳз тавассути интернет ва шабакаҳои махсус раҳ ба ин кишварҳо ёфтаанд, - изҳор дошт Силмон Мавлоназаров.
Бесабаб нест, ки моҳи марти соли равон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйироти дигаре ворид гашт, ки мувофиқи он падару модар ҳуқуқ доранд, ки пас аз муроҷиати расмӣ ва бо ёрии кормандони шабакаҳои алоқаи барқӣ дар кадом сомонаҳо ва бо киҳо дар робита будани фарзандашонро дониста метавонанд. Зеро вақтҳои охир тавассути интернет ба доми фиреб афтодани шаҳрвандон зиёд ба мушоҳида мерасад. С. Мавлоназаров дар ин маврид мисоли воқеӣ овард, ки кас аз шуниданаш ҳайрон мешавад: «Як нафар устоди донишгоҳ аз донишҷӯе мактуб мегирад, ки гӯё ба хориҷа рафта, дар роҳ маблағ ва ҳуҷҷатҳои заруриашро гум кардааст. Ба хотири дар ташвиш наафтодани волидонаш аз устодаш хостааст, ки ба суратҳисобаш 2000 доллари амрикоӣ гузаронад ва ҳатман пас аз бозгашт қарзашро меканад. Барои тафтиши дурустии ин қазия мақомоти дахлдор робитаро бо донишгоҳу донишҷӯ (соҳиби суроғаи электронӣ) барқарор карда, ошкор сохтанд, ки аз суроғаи ин донишҷӯ каси дигар истифода бурда, ба қаллобӣ даст задааст».
Тавассути интернет мукотибот, суҳбатҳои телефонӣ ва дидорбинии онлайнӣ сурат гирифта метавонад. Мақомоти дахлдори давлатӣ чунин алоқаву робитаҳоро танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорат қарор медиҳад.
Чӣ тавре ки С. Мавлоназаров мегӯяд, ҳолатҳои дигари қаллобиву мардумфиребӣ метавонад ба воситаи бозиҳои гуногун зуҳур кунанд. Масалан, шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки аз гуфтани номаш иҷтиноб меварзем, аз бозии почтаи электронӣ 300 ҳазор евро ба даст меорад ва мефаҳмад, ки барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои бонкӣ, интиқоли маблағ аз Аврупо ба Тоҷикистон гӯё 25 ҳазор евро зарур аст. Шаҳрванди мазкур ин маблағро қарз гирифта, ба хориҷа равон мекунад. Баъд аз ин, аз хориҷа дигар хату хабаре намеояд.
Гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ ва муоширати дигар танҳо нисбат ба шахсоне раво дида мешавад, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин гумонбар ё айбдор шудаанд, ҳамчунин нисбат ба шахсоне, ки дар бораи ҷиноятҳои мазкур метавонанд маълумот дошта бошанд. Фонограммаҳое, ки дар натиҷаи гӯш кардани гуфтугӯҳои интернетиву телефонӣ ба даст оварда шудаанд, дар ҳолати муҳршуда, дар шароите, ки имконияти аз ҷониби шахсони бегона гӯш кардан ва нусхабардории онҳоро истисно мекунад, нигоҳ дошта мешавад. Яъне, танҳо ба мақомоти давлатии ваколатдор иҷозат дода шудааст, ки дар мавридҳои пешбиникардаи қонун ба маълумоти шахсии почтаҳо ё алоқаҳои почтаҳо дастрасӣ дошта бошанд. Ба ҷуз аз қонунҳои дар ин соҳа қабулшуда, Консепсияи амнияти иттилоотӣ ва Консепсияи давлатии сиёсати иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор доранд, ки ин ва дигар ҳолатҳоро мушаххас мекунанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2017    №: 1    Мутолиа карданд: 4984
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед