logo

ҳуқуқ

АДОЛАТИ СУДӢ. ТАЪМИНИ ОН БА ФАЪОЛИЯТИ ОДИЛОНАИ СУДЯҲО ВОБАСТАГӢ ДОРАД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ёдовар шуданд, ки Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода мешавад. 
Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади амалишавии ин арзиши волои конститутсионӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқии кишвар такмил дода шуда, дар ин росто санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардиданд, ки ҳамагӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, пешрафти иқтисодиёт ва соҳибкорӣ равона шудаанд. Хушбахтона, баҳри татбиқи онҳо мақомоти судӣ низ нақши муассир доранд. Дар ин ҷода судҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунандаи мамлакат ба роҳ монда, бидуни муболиға, адолати судиро дар қаламрави вилоят ба тарзи шоиста амалӣ менамоянд. Парвандаҳои оилавӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судҳо сари вақт баррасӣ шуда, дар ин маврид ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлат таъмин карда мешавад.
Ба гунаи мисол, соли гузашта аз ҷониби судҳо 303 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардида, ба шахсони ҳуқуқвайронкунанда ба андозаи 322 ҳазору 645 сомонӣ ҷарима таъйин ва маблағҳо пурра ба фоидаи давлат рӯёнда шуданд. Инчунин, дар ин давра аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 6 ҳазору 895 парвандаи риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баррасӣ гашта, аз қонуншиканон, дар маҷмӯъ 260 ҳазору 160 сомонӣ ҷарима ба манфиати давлат рӯёнда шуд. 
Бешак, татбиқи ин ду қонун ба манфиати худи шаҳрвандон аст. Яъне, пас аз қабули Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мавриди амал қарор гирифтани он харҷу исрофи беҳуда қариб аз байн рафт. Аз ин ҳисоб ва аз сабаби таъмини ғановати буҷети оилавӣ сатҳи зиндагии мардуми кишвар хеле баланд шуд. Аз иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” имрӯзу ояндаи ҳам фарзандон, ҳам волидон ва ҳам аҳли ҷомеа шукуфо мешавад. Зеро имрӯз ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифтани насли наврас аз ҷониби мо - калонсолон кафолати ояндаи дурахшон барои аҳли ҷомеа бо дастони эъҷозкори онҳо хоҳад буд.
Ҳамин тавр, бардошти мо - ходимони мақомоти судӣ аз Паёми навбатии Президенти ғамхору дурандешамон маҳз ҳамон нуқта буд, ки мо бояд дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз ҷону дил бикӯшем. Дар бобати амалисозии ин мароми наҷиб, албатта, чи донишу малакае дорем, ба кор хоҳем бурд.
Анвар НУРИДДИНЗОДА,
сардори раёсати ташкили таъмини
фаъолияти судҳои суди вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2017    №: 1    Мутолиа карданд: 3881
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед