logo

илм

ПАЁМ. ИЛМ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Дар Паёми навини Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари дигар масъалаҳои муҳим ба илм низ диққати махсус дода шуд. Таъкид  гардид, ки илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Бояд қайд намуд, ки вобаста ба ин масъала як силсила барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки барои ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ - таҳқиқотӣ ва тарбия намудани кадрҳои ҷавон мусоидат менамоянд.
Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 низ зарурати воқеии худро дорад, зеро имрӯз дар Тоҷикистон масъалаи пиршавии кадрҳои илмӣ дида мешаванд. Сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар соҳаи илм аз он иборат аст, ки  ҷавононро ба илм ҷалб ва ин хавфро пешгирӣ намояд. Имрӯз аз теъдоди умумии номзадҳои илм тақрибан 13,3 дарсад то 35 - сола ва докторони илмро 1,2 дарсад ҷавонони синни то 35 - сола ташкил  медиҳанд.
Бо назардошти ин таъкид шукд, ки барои боз ҳам  инкишоф додани илм ва беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар сохтори Академияи илмҳо Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шавад. Ҳадаф аз таъкиди  Пешвои миллат ташаккул ва рушди низоми миллии инноватсионӣ бо назардошти манфиатҳои амнияти миллии Тоҷикистон ва рушди ҷаҳонии илми тоҷик мебошад.
Дар зеҳни  миллати тоҷик  маърифатдӯстӣ  аз азал вуҷуд дошт ва имрӯз он  чун пештара аз нав эҳё гардида,  илми тоҷик яке аз парчамбардорони миллат ва давлат хоҳад шуд. Зеро  ҷаҳониён саҳми олимони машҳури тоҷик Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Умари Хайём ва дигаронро, ки дар соҳаҳои гуногуни илмҳои табиӣ саҳми беназире гузоштаанд,  хуб медонанд.
Масъулияти мо низ дар он сурат бештар мегардад, ки ҳар  дастуру супориш ва таъкидҳои  Президенти мамлакатро роҳнамои асосии фаъолияти ҳаррӯзаи худ намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба Ватани азизамон хизмат намоем ва дар пешрафти он саҳмгузор бошем.
Фирдавс ҲАИТОВ, номзади илми фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.01.2017    №: 1    Мутолиа карданд: 22229
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед