номаҳо
АГАР ДАР ИДИ НАВРӮЗ ҲАМ...
Дар маҷмӯъ хуб аст, ки таҷлили Соли нави мелодиро мардум бо ин қадар шавқу шӯру валвала интизорӣ мекашанд: барои кӯдакон туҳфа омода месозанд, дастархони идона меороянд ва бо роҳандозии рақсу суруд хушҳолӣ мекунанд. Калонсолон ҳам ба он муҳаббат доранду кӯдакон ҳам. Калонсолон аз ин боис, ки дар замони шӯравӣ тӯли солҳо, бидуни танаффус ба ҷашн гирифтани он одат кардаанд ва кӯдакон аз ин хотир ки барояшон калонсолон туҳфа тақдим мекунанд. Ин хуб аст, зеро як василаи дилхушиву хурсандист. Дигар ин ки туҳфа намудан ҳикмати худро дорад, яъне агар аз як сӯй нишони таваҷҷуҳ доштан ба гирандаи туҳфа бошад, аз тарафи дигар боис ба зиёд гардидани меҳру муҳаббати миёни туҳфадиҳандаву туҳфагиранда ва дилгармии онон ба зиндагӣ мегардад. Ин ки мегӯянд “туҳфа кафшери муҳаббат аст”, воқеият дорад.
Аммо як чиз маро ба андеша водор месозад, чаро мо наметавонем ҳамин гуна иқдомро дар рӯзи ҷашни сирф миллии худ, ки бо он ифтихор дорему як далели муътамади қадимию мутамаддину дорои фарҳанги пурғановат будани мост, яъне Наврӯзи оламафрӯз, роҳандозӣ намоем. Сохтани ҳамин гуна қуттиҳо бо тасвири нахустгули баҳорӣ, яъне бойчечак, зарфи пур аз суманак ва матни “Туҳфаи Наврӯзӣ” ҳеҷ мушкилӣ надорад. Агар мо ин корро анҷом диҳем, ба он муваффақ хоҳем шуд, ки кӯдаконамон Иди бузурги Наврӯзро бештар аз пештар дӯст доранд, омаданашро бесаброна интизорӣ бикашанд, ҳисси нангу номусу ифтихори миллиашон бедор гардад.
Итминони комил дорам, ки чун дигар солҳо Наврӯзи байналмилалӣ дар кишвари азизи мо ҷашн гирифта хоҳад шуд ва роҳандозии тадбирҳои фарҳангии ҷолибе дар назар аст, чунин иқдом низ амалӣ хоҳад гашт.
Сироҷиддин ИКРОМӢ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2017 №: 2 Мутолиа карданд: 5801