номаҳо
«ҶУМҲУРИЯТ» АЗ НИГОҲИ ХОНАНДА
Дар соле, ки рафт, рӯзномаи «Ҷумҳурият» бароям ва аҳли хонадонам аз нашрияҳои дӯстдоштанӣ буд. Шукр, ҳамчунон монд.
«Ҷумҳурият» барои мо бо чанд далели рӯшан қимати бештар касб намудааст. Нахуст, он қариб ҳар рӯз, дақиқтараш дар як ҳафта 5 бор нашр мешавад. Албатта, ин имкон фароҳам меорад, ки рӯйдодҳои неку муҳим зуду сари вақт инъикос биёбанд. Баъдан, кормандони идора, хоса аҳли эҷоди он, рӯзномаро ҷолибу хонданӣ кардаанд.
Ба мавзӯъҳои актуалӣ сари вақт рӯ меоранд ва дар ҳалли бисёр мушкилоти соҳаҳои гуногун бо нашри матолиб мусоидат мекунанд. Аз ин навиштаҳо маълум мегардад, ки на танҳо ба моҳияти масъалаҳои муҳиму бузурги ҳалталаб сарфаҳм мераванд, балки бо як ҷасорати хос онҳоро баррасӣ менамоянду роҳи ҳалли дурусташонро нишон медиҳанд.
Дар рӯзнома матлабҳои таҳлилӣ, танқидӣ бисёр ба табъ расиданд. Тавре аз нашри ҷавобҳои масъулони ташкилоту идора ва кумитаву вазоратҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо бармеояд, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва рушду пешрафти соҳаҳо тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Яъне, рӯзноманигор ва рӯзнома дар ин маврид рисолати худро ба пуррагӣ иҷро кардаанд.
Он гуна ки ба мушоҳида расид, матлабҳо мисли солҳои қаблӣ калон нашр нагардиданд. Воқеан, хонандагон дар ин шабу рӯз ба хондани мақолаву гузоришҳои хурд бештар рағбат доранд. Ин бори дигар собит сохт, ки бузургтарин масъалаҳову мушкилотҳоро дар ҳаҷми хурд ҳам таҳлилу баррасӣ кардан мумкин аст.
Забони навиштаҳо содаву равону фаҳмо буданд. Хатоҳои имлоӣ кам ба чашм расиданд. Ороиши матолиб ва саҳифаҳо сифати баландро касб карда буданд.
Саҳифаи «Шоми шанбе» - ро бесаброна интизор мешудем. Дар он матлабҳои хурдтару ҷолибтару хонданитарро ҷой медоданд.
Умуман, рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз нигоҳи мо, дар соли рафта аз мақоми хоса бархӯрдор шуд ва барои рушду пешрафти тамоми соҳа нақши чашмрас дошт. Ман ва аҳли хонадонамон бовар дорем, ки бо идомаи чунин иқдомҳову фаъолияти хуб дар соли нав рӯзнома дар миёни мардум маҳбубияти бештар пайдо мекунад. Аз 40 ҳазор гузаштани теъдоди нашрия дар соли нав гувоҳи ҳамин гуфтаҳост.
Ҳикматулло НЕЪМАТУЛЛОЕВ, ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.01.2017 №: 3 Мутолиа карданд: 5958