туризм
САЙЁҲӢ. ТОҶИКИСТОН БА САТҲИ СИФАТАН НАВ ВОРИД МЕШАВАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, 22 декабри соли 2016, пешниҳод карданд, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишофи инфрасохтор, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ҳамчунин, таъкид доштанд, ки ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳа воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар зарфи панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд. Ин тадбирҳо ҷиҳати рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди он заминаҳои зарурӣ фароҳам овардааст. Дар баробари ин, сиёсати дарҳои кушода ва тадбирҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ таъсиси минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайёсозии инфрасохтори зарурӣ таъмин гашта истодаанд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муассир дар самти рушди сайёҳӣ соли 2015 нишондиҳандаҳои баландтарини воридоти сайёҳон ба кишвар сабт шуд. Агар дар соли 2014 зиёда аз 200 ҳазор сайёҳ ба ҷумҳурӣ ҷалб шуда бошад, дар соли гузашта шумораи сайёҳон ба беш аз 400 ҳазор нафар расид. Аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти кишвар 206 917 000 доллари ИМА ворид гашт, ки нисбат ба соли пешин 94 дарсад зиёд мебошад.
Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ кашвари азизамон дар рушди сайёҳӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ва ин саъю кӯшишҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд мегиранд. Масалан, тибқи иттилои сомонаи Би-Би-Си Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон қарор дорад. Globe Spots Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳии саргузаштӣ, сомонаи русии нашрияи маъруфи National Geographic шоҳроҳи Бадахшонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё ҷой додаанд. Маҷаллаи ТОП – 100 шаҳри Душанберо ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини амнияти шабона ва Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое, ки соҳаи туризмашон дар ҳоли рушд қарор дорад, ворид намудаанд.
Коршиносони соҳа бо назардошти барқароршавии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва рушд ёфтани инфрасохтори сайёҳӣ дар соли 2017 ба сатҳи сифатан нав ворид шудани соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро пешгӯйӣ кардаанд. Албатта, ин натиҷаву нишондиҳандаҳо ниҳоӣ набуда, дар ин ҷода аз ҷониби масъулон тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Тибқи арзёбии мутахассисон ҳамаи ин пешравиҳо маҳз ба он равона гардидааст, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 ба 5 ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт ба 15 дарсад расонда шавад. Дар ин ҷараён, мувофиқи Консепсияи миллии рушди соҳаи сайёҳӣ Тоҷикистон то соли 2020 бояд то 1 миллион сайёҳ қабул намояд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.01.2017 №: 4 Мутолиа карданд: 7045