logo

энергетика

БАРҚ. МАҲДУДИЯТИ РӮЗОНА ДАР САРОСАРИ КИШВАР БАРҲАМ ХӮРД

Шурӯъ аз 5 январи соли равон дар кишвар маҳдудияти рӯзонаи  барқ барҳам дода шуд. Аз 5 январ минтақаҳои кишвар боз 5 соат зиёдтар - аз соати 5 – и субҳ то 10 – и шаб, яъне 17 соат дар шабонарӯз барқ мегиранд. То ин дам  ба минтақаҳои кишвар  давоми ҳар шабонарӯз 12 соат -  аз соати 5 то 11 ва аз соати 16 то 22 барқ дода мешуд.
Ёдрас менамоем, ки реҷаи маҳдудияти барқ дар мавсими тирамоҳу зимистони соли 2016 – 2017 аз 1 ноябр ҷорӣ гардид. Аввал ба минтақаҳо давоми шабонарӯз мувофиқи реҷа 7 соат барқ медоданд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» бо дастури Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъёри барқдиҳӣ ба минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз то 12 соат зиёд  карда шуд. «Мо таъмин намудани талаботи рӯзафзуни корхонаҳои истеҳсолӣ ва аҳолиро бо неруи барқ ва гармӣ тавассути барқарор намудани инфрасохтори мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, паст кардани талафоти он ва бунёди марказҳои нави барқу гармидиҳӣ аз ҷумлаи  вазифаҳои аввалиндараҷаи худ ва дар айни замон роҳи  асосии расидан ба истиқлолияти энергетикии кишварамон мешуморем», - таъкид карданд Сарвари давлат зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2». Маҳз дар ҳамин маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа ҷиҳати коҳиш додани  реҷаи  маҳдудияти  мавсимии барқ ва зиёд  намудани барқдиҳӣ ба тамоми минтақаҳои кишвар  дастур доданд.
Мавриди истифода қарор ёфтани Маркази  барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» барои барҳам додани маҳдудияти рӯзонаи барқ омили асосӣ гардид. Ҳамчунин, тибқи иттилои ШСХК «Барқи тоҷик», айни ҳол сатҳи оби обанбори Норак ба дараҷаи меъёрӣ баланд аст, ки ин барои кори муътадили агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Норак» ва барҳам додани маҳдудияти рӯзонаи барқ мусоидат мекунад. «Барқи тоҷик» зимни расондани ин хабар аз муштариён хоҳиш кардааст, ки барқро  сарфакорона истифода баранд, ба исрофи беҳуда роҳ надиҳанд ва ҳаққи истифодаи барқро сари вақт пардохт  намоянд.
С. АЗИЗ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2017    №: 4    Мутолиа карданд: 19602
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед