logo

маориф

РАҲНАМО. ПАЁМ ҶАВОНОНРО РӮҲБАЛАНД КАРД

Дар Паёми навбатии (22 декабри соли 2016) худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба неруи азалию тамаддунпарвари мардуми тоҷик дар  роҳи расидан ба Истиқлолияти давлатӣ  ва пайдо кардани ҷойгоҳи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд додаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихормандона қайд намуданд, ки   «дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем». Ҳар яки мо - шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳимоя ва пойдории истиқлолият, ки дастоварди бузургтарин  ва ғояи муқаддаси миллӣ аст, бояд масъулият дошта бошем, барои боз ҳам рушд кардани Ватани азизи худ саҳм гузорем.   
Мо,  кормандони соҳаи маориф ва илм, ҳамеша  дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллатро барои рушди соҳа эҳсос мекунем. Бунёду азнавсозии зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ, таъмини онҳо  бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимӣ, дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015»  сарф шудани  600 миллион сомонӣ,  дар соли 2016 сохта шудани  201 бинои таълимӣ  барои 39 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 540 миллион сомонӣ шаҳодати он аст, ки   беҳбудии инфрасохтор ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маориф  дар маркази диққати давлат мебошанд.
Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба мактаби олӣ ҳамчун маркази омода кардани мутахассисони ба  талаботи замон ҷавобгӯ ва ихтирооту пажӯҳиши илмӣ менигаранд. Дарвоқеъ, агар то замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло  миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст.
Пешравӣ ва тағйироти мусбатро, ки дар  даврони истиқлол ба он ноил гаштаем,  дар мисоли як донишгоҳ  ҳам  дидан мумкин аст. Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав  имрӯз 11 факултет  дорад ва аз рӯйи 42 ихтисос мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро омода менамояд. Маоши устодони донишгоҳ ва идрорпулиҳои донишҷӯён  аз ҳисоби Буҷети давлатӣ афзуд. Ифтитоҳи  Парки технологӣ, фаъолияти Маркази бақайдгирӣ ва машварат, ки санҷишу имтиҳонҳоро тариқи тестӣ қабул менамояд, таъмири биноҳои хобгоҳ, таҷҳизондани  озмоишгоҳҳои компютерӣ   бо технологияи муосир, бунёди бинои нави Кохи фарҳанг, ба истифода додани бинои нави факултети таърих ва ҳуқуқ, идомаи сохтмони бинои факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва варзиш, аз нав таъсис ёфтани факултети математика, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ ва ихтироъкорӣ аз ҷумлаи комёбиҳои солҳои охири донишгоҳанд.
Кормандони соҳаи илму маориф ҳидоят гирифтаанд, ки баҳри  баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот кӯшиш намоянд. Пешвои миллат  барои иҷрои ин вазифа,  бахусус дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ доданро муҳим мешуморад, то ки  мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро   тарбия  ёбанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон барои  ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ   ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатиро  вазифаи муҳимтарин  ҳисобида, даъват намуданд, ки бо  бунёдкориву созандагӣ ва содиқона меҳнат кардан бар нафъи халқу Ватан ин  мамлакатро  ободтар созем ва  ба кишвари пешрафта табдил диҳем.
 Паёми Пешвои миллат моро ба иҷрои вазифаҳои нав  раҳнамоӣ мекунад ва  бовариамонро ба ояндаи неки ҷомеа  устувортар мегардонад.
Дилором МАҲКАМОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2017    №: 4    Мутолиа карданд: 5229
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед