logo

ҳуқуқ

ХАДАМОТИ ГУМРУК. 4 533 ҲОЛАТИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ МУАЙЯН ШУД

Кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2016 - ум 4533 ҳолати қонуншикании гумрукиро ба қайд гирифтаанд, ки аз рӯйи 63 ҳолаташ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
- Аз  парвандаҳои оғозгардида  4 ҳолат ба ҷинояти гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар (26 кг 669 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки аз он 11 грамм ҳероин, 7 кг 492 грамм афюн ва 19 кг 176 граммашро ҳашиш ташкил медиҳад), 29 ҳолат ба ҷиноятҳои қочоқи мол ва воситаҳои нақлиёт ва 30 ҳолат марбут ба фаъолияти гумрук  мансуб мебошанд, - мегӯяд сардори раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии хадамот, Шафизода Исроил Исмоил. – Дар соли рафта кормандони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ фаъолияти назаррас нишон доданд. Чунончи, 26 парванда ба вилояти Суғд, 4 парванда ба вилояти Хатлон, 12 парванда ба шаҳри Душанбе ва 21 парванда ба раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ рост меояд. Аз миқдори умумии парвандаҳои ҷиноятӣ дар 7 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба молҳои зераксизӣ, аз ҷумла 2-тоӣ оид ба воридоти ғайриқонунии маснуоти заргарӣ ва воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав, 1-то ба воридоти маҳсулоти сӯзишворӣ ва 2-то ба воридоти маҳсулоти тамоку оғоз шудааст.
Нисбат ба 4470 ҳолат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 4302  нафар шахси ҳуқуқию воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд. Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи  7 546 866 сомонӣ ҷарима баста, 7 466 200 сомонӣ ситонда шуд.
Кормандони мақомоти гумрук дар ҳамбастагӣ бо мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил амалиёти “Лед 2”, “Транзит”, “Часовой-2016”, “RILO - Москва”, “Грифон II”, “Вестрерлайз 4”, “Ирэн” ва “Химера”- ро гузаронданд. Ин амалиётҳо барои ошкор ва пешгирӣ намудани қочоқи маводи мухаддир, маводҳои психотропӣ, прекурсорҳо, маҳсулоти тамоку, маводи тарфгарӣ, яроқу аслиҳа, сарватҳои бадеӣ ва таърихию фарҳангӣ, маводи дорувории пастсифат, асъор ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти Интернет-савдо гузаронда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки кормандони раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳи тоза гирифта, фаъолиятро дар соли 2017 боз ҳам пурзӯр хоҳанд кард.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2017    №: 4    Мутолиа карданд: 3874
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед