номаҳо
"ОГОҲИНОМА" МЕФИРИСТАНДУ…
Тирамоҳ фаро нарасида ба номи соҳибони хона, аз ҷумла ба номи ман «огоҳинома» омад. Дар он хабар дода мешуд, ки дар мавсими гармидиҳии солҳои 2016 - 2017 гармтаъминкунии бинои истиқоматии мо ба нақша гирифта шудааст. Вобаста ба ин мо вазифадор гардидем, ки «дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин» хонаамонро бо радиаторҳо ва қубурҳо таъмин намоем. Дар акси ҳол нисбатамон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чораҳои маъмурӣ, аз ҷумла ҷаримабандӣ, андешида мешавад.
Мутаассифона, ситодҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016 -2017 ба огоҳиномаи худ эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Ё фаромӯш кардаанд, ки замоне ба сокинон чунин «огоҳинома» додаанд? Тавре ки навиштаанд, аксар дар муҳлати кӯтоҳтарин хонаҳоро омода намудем. Аз ҷумла барои ман осон набуд, ки дар беш аз се ҳазор сомонӣ масолеҳи заруриро бихарам, усто киро бикунам. Албатта, андешидам, ки мухолифат ва ё фориғболӣ сабаби ҷаримабандӣ мешавад. Ба ҷуз ин, бо хурсандӣ хостори гарм шудани хона будам.
Инак, зимистон рӯ ба рафтан дорад. Аз гармӣ нишоне нест. Мегӯянд, ки агар подъезди хонае ба пуррагӣ омода бошад, ба оби гарм таъмин мешаванд. Ду ҳамсояи мо бо амри «огоҳинома» рӯйирост мухолифат меварзанд. Мегӯянд, ки барои мо оби гарм зарур нест. Ва гӯиё мо ба ин сабаб аз гармӣ маҳрумем. Куҷоянд ситодҳо, ки назорат бибаранд? Ва ё аз андешидани «чораҳои маъмурӣ, аз ҷумла ҷаримабандӣ оҷизанд»? Агар оҷизанд, пас, чаро «огоҳинома» мефиристанду эътиборашонро ба бемасъулиятӣ поён мефароранд?
Н. АЗИМОВ, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.01.2017 №: 5 Мутолиа карданд: 5507