logo

ҳуқуқ

ЗАРАР. АЗ КАМОМАД ТО ИЗОФАНАВИСӢ

10 январ аз таъсиси  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ сол пур мешавад. Дар ин муддат кишвари мо барои пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи  коррупсия тадбирҳои муассир андешида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Мавриди амал қарор гирифтани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21 июли соли 1999  «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб такони ҷиддӣ бахшиданд.

Азамат Наврӯззода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зикр  кард, ки фаъолияти раёсат дар ВМКБ  аз  моҳи  майи  соли  2007 ба  роҳ  монда  шуд. Дар ин давра раёсати  агентӣ  дар 1712 идораву муассиса, ташкилоту корхонаҳои  шаҳри Хоруғ, ноҳияҳо ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатии вилоят санҷиш гузаронда, ба маблағи 32 700 823 сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд. Аз ин хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ   10 315 675 сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 9 531 248 сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 567153 сомонӣ, зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ 237013 сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 9 531 248 сомонӣ ва маблағҳои камҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 5 512 750 сомониро ташкил медиҳанд. Аз маблағи  умумии зарари молиявии ошкоршуда 19 535 648 сомонӣ рӯёнда шуда, аз он  13 496 852 сомонӣ ба буҷети давлат барқарор гардидааст.
Бино ба иттилои Азамат Наврӯззода, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давоми даҳ соли фаъолияти  раёсати агентӣ 557  ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аксари онҳоро (510 адад) ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, аз ҷумла азонихудкунии пулу  моли  давлат, исрофкорӣ,  қаллобӣ,  баромадани  мансабдорон  аз ҳадди ваколатҳо ва суистифода аз ваколатҳои мансабӣ ташкил  медиҳанд. Ин  ҳолат кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро  муваззаф  месозад, ки якҷо  бо  дигар  ниҳодҳои  ҳифзи ҳуқуқ,  мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва кордонию садоқат ба халқу Ватан иҷро намоянд. Зеро Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  Паёми  имсолаи худ  ба   Маҷлиси  Олӣ   таъкид карданд, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.
- Мо, кормандони  Раёсати Агентии  назорати  давлатии  молиявӣ  ва мубориза бо коррупсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муваззаф гаштаем, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, дар меҳвари фаъолият қарор дода, дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми шоиста гузорем, - иброз дошт Азамат Наврӯззода.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2017    №: 5    Мутолиа карданд: 3574
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед