logo

маориф

САНГВОР. КӮДАКОНИ ЯТИМ ДИГАР БЕПАРАСТОР НЕСТАНД

Дар мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Сангвор 162 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки  аз ин шумора 50 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Дар муассисаи мазкур 20 нафар омӯзгор  ва 8 нафар мураббии соҳибтаҷриба ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

Сол аз сол вазъи таъминоти мактаб – интернат беҳтар мегардад. Мувофиқи нақшаи хароҷот маблағи умумии соли гузашта ҷудошуда 229000 сомониро ташкил дод. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо хонандагони мактаб – интернат бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда истодаанд. Соли сипаришуда 35 нафар хонандагони он дар озмунҳои ноҳиявӣ ва минтақавӣ ширкат варзида,  21 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар мактаб – интернат, асосан ятимону бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, ҳамчунин хонандагоне, ки дар ҷойи зисташон мактаб надоранд, фаро гирифта шудаанд. Таълимгоҳ бо хобгоҳҳои алоҳида барои духтарон ва писарон, ҳуҷраву толорҳои ободу зебо ва бо ашёву лавозимоти лозима таъмин мебошад. Тарбиятгирандагони ин даргоҳ се вақт  бо хӯроки гарм таъмин буда, аз хизматрасонии тиббӣ бархӯрдоранд.
Тибқи иттилои Абдулҳай Ёров, директори муассисаи мазкур, имсол дар арафаи Соли нави мелодӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба хонандагони мактаб - интернати мазкур кумак расонда шуд. Кумак, асосан аз сарулибос ва туҳфаҳои солинавӣ иборат буд. Дар маҷмӯъ соли гузашта аз ҷониби нафарони саховатпеша ба мактаб – интернат ба маблағи 6033 сомонӣ маводи хониш ва хӯрокворӣ дастрас шуд. 
Ҳамаи ин ғамхориҳо аз сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбари ғамхори мо - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ буда, барои сазовор тарбия намудани насли наврас дар дурдасттарин манотиқи кишвар мусоидат менамояд. 
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2017    №: 6    Мутолиа карданд: 5265
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед