logo

ҳуқуқ

ҲАДАФ - МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ НАЗОРАТӢ

Рустами ЭМОМАЛӢ,  директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муқовимат бо коррупсия, ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис доданд, ки аз он рӯз даҳ сол сипарӣ гашт. Мақсад аз таъсиси ин ниҳод вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии вазифаю ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти назоратӣ мебошад.

Мақомот ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда дар самти истифодаи самараноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ назорат ва риояи интизоми молиявиро пурзӯр намуда, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, дар давраи 10 соли  фаъолият корҳои муайянеро ба анҷом расонд. Дар ин давра агентӣ дар вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳо ва гурӯҳҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо 11742 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронда, ба маблағи 1 миллиарду 959 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудааст, ки ба солҳои 2007 - 130,5 миллион сомонӣ, 2008 - 95,7 миллион, 2009  - 70,5 миллион, 2010 - 110,8 миллион, 2011 - 107,2 миллион, 2012 - 166 миллион, 2013 - 241,2 миллион, 2014 - 365,8 миллион, 2015 - 285,2 миллион ва ба соли 2016 - 385,6 миллион сомонӣ рост меояд.
Дар ҷараёни тафтишу санҷишҳои молиявӣ 1 миллиарду 173 миллион сомонӣ ба давлат барқарор карда шуд, ки он 60 дарсади зарари ошкоршударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии барқароршуда 687 миллион сомонӣ ба буҷет ва 487 миллион сомонӣ ба корхонаҳо рост меояд.
Таҳлили даҳсолаи фаъолияти агентӣ нишон дод, ки аз маблағи умумии зарарҳои молиявии ошкоргардида 529 миллион сомонӣ ё 27 дарсадро изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмонӣ, 521 миллион сомонӣ ё 26,6 дарсадро маблағҳои кам ҳисобишуда ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо, 398 миллион  сомонӣ ё 20,3 дарсадро талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ, 274 миллион сомонӣ ё 14 дарсадро камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 151 миллион сомонӣ пардохти беасоси музди меҳнат, нафақа, ҷубронпулию сафархарҷиҳо ва 85 миллион сомониро зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, дар натиҷаи чораҷӯии мутахассисони агентӣ аз ҳисоби маблағи бақияпулиҳои андоз 88 миллион сомонӣ, кам кардани маблағгузории сметаҳои хароҷотӣ 25 миллион сомонӣ, кам кардани қарзҳои беасоси кредиторӣ 106 миллион сомонӣ, қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобии барқароргардида 33 миллион сомонӣ, маблағи аз ҳисоби дигар манбаъҳо барқароркардашуда 21 миллион сомонӣ ва зиёдомади молу мавод ба маблағи 157 миллион сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ даромад карда шуд, ки ҷамъи маблағҳои барқароршуда ба 1 миллиарду 604 миллион сомонӣ баробар аст. Ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 5581 маводи тафтишӣ ба маблағи 1 миллиарду 241 миллион сомонӣ фиристода шуд, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба шахсони гунаҳкор чораҳои дахлдор татбиқ гардидааст.
Дар давраи сипаришуда ҳолати истифодаи самараноки қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷӣ, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудааст, дар фаъолияти марказҳо ва гурӯҳҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ 182 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронда шуд. Дар натиҷа ба маблағи 120 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки 66 миллион сомонии он ба ду соли охир рост меояд. Аз маблағи умумии зарари ошкоршуда 97 миллион сомонӣ ё 82 дарсади он барқарор шудааст.
Агентӣ ба нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии моликияти давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар давраи фаъолияти худ биною амволи ғайриқонунӣ хусусигардондашударо ба маблағи 84,4 миллион сомонӣ ошкор карда, онҳоро дар асоси аризаҳои даъвогӣ ва ҳалномаҳои судӣ ба ҳолати аввала баргардондааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар сохтори агентӣ Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи андоз амал менамояд. Кормандони ин сохтор ҳолатҳои пинҳонкунии андозҳо ва дигар ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро, бо ҷалби кормандони мақомоти андоз, ба маблағи 1 миллиарду 112 миллион  сомонӣ ошкор намуданд, ки аз ин 612 миллион сомонӣ ба солҳои 2015 - 2016 рост меояд.  Аз маблағи умумии ошкоршуда 686 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.
Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 12092 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқамандро ошкор карданд, ки 3647 адади онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад. Аз ин шумора ба соли 2007 -  464 ҷиноят, соли 2008 - 895 , соли 2009 - 902, соли 2010 - 1005, соли 2011 - 1199, соли 2012 - 1320, соли 2013 - 1325, соли 2014 - 1471, соли 2015 - 1678 ва ба соли 2016 - 1833 ҷиноят рост меояд. Маблағи зарари молиявии аз ҳисоби ҷиноятҳои ошкоргардида дар давраи таҳлилӣ 980 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар рафти санҷишу таҳқиқ 294 миллион сомонии он барқарор шудааст. Ошкоршавӣ ва бақайдгирии ин ҷиноятҳо ба  ВМКБ  509 ҳолат, вилоятҳои Хатлон 3417,  Суғд  3460, шаҳри Душанбе  2476 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  2230 ҳолат рост меояд.
Аз тарафи муфаттишони мақомоти агентӣ дар ҳамин давра тафтиши пешакии 4323 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 5492 нафар ба анҷом расида, аз ин 3425 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 4390 нафар бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо ирсол гардидааст. Зарари бо парвандаҳои ҷиноятӣ ошкоргардида зиёда аз 610 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки дар рафти тафтишот бештар аз 315 миллион сомонӣ ё 52 дарсади он барқарор шудааст.
Агентӣ дар самти муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 27 ҷиноятро ошкор ва зиёда аз 174 килограмм навъҳои гуногуни маводи нашъаоварро дарёфт ва мусодира намудааст, ки 10 ҷиноят ва зиёда аз 105 килограмми он ба соли 2016 рост меояд.
Кормандони агентӣ муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм пурзӯр намуда, дар ин самт 38 ахбори оперативӣ ба даст оварда, 12 ҳолати иштироки шаҳрвандони ҷумҳуриро дар амалиётҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо ошкор ва чораҷӯӣ намуданд. Чунин мисолҳо хеле зиёд буда, ҳолатҳои зикргардида як ҷузъе аз натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар ин давра мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти агентӣ пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ буда, ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия баргузории корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро пайваста амалӣ менамояд. Бо ин мақсад кормандони агентӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо 18047 дастури хаттӣ ва 8079 пешниҳод оид ба бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ирсол кардаанд. Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирӣ, огоҳсозӣ ва фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар 3569 ташкилоту муассиса вохӯриҳо доир намуда, тариқи воситаҳои ахбори омма ва рӯзномаву маҷаллаҳо 2740 гузоришу хабарҳои муфассалро оид ба паст кардани шиддати коррупсия ба самъи аҳолӣ расондаанд.
Дар даҳ соли сипаригардида аз ҷониби кормандони агентӣ 6051 ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта, ки аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гаштаанд, ошкор ва нисбат ба онҳо чораҷӯӣ карда шудааст. Махсус бояд зикр кард, ки агентӣ ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ислоҳи камбудиҳои дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷойдошта, танҳо давоми ду соли охир 59 маводи санҷиширо, ки дар онҳо оид ба содиршавии ҷиноят  далелҳои кофӣ ҷамъоварӣ шуда буд, барои чораҷӯӣ ба ин мақомот ирсол намуд, ки аз он 43 ҳолат ба Вазорати корҳои дохилӣ, 3 ҳолат ба Вазорати мудофиа,  4 ҳолат ба мақомоти амният, 4 ҳолат ба прокуратура ва 5 ҳолат ба мақомоти судӣ рост меояд.
Кормандони агентӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давраи сипаришуда 995 ҳодисаи қонуншиканиро ошкор сохта, нисбат ба вайронкунандагони қонун чораандешӣ намудаанд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти агентӣ гузарондани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин давра ба агентӣ 1706 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардида, ба онҳо хулосаҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод гаштааст. Аз ин шумора дар 252 лоиҳаи пешниҳодгардида омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор ва ҷиҳати бартараф кардани онҳо тавсияҳо дода шудааст. Ҳамзамон,  дар 79 лоиҳаи доир ба гирифтан ва ба шахсони дигар додани қитъаҳои замин омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор шуда, дар натиҷа ба миқдори 2662,27 гектар замин дастгирии худро наёфт.
Дар ин давра агентӣ ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили “Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон”, “Котиботи Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд”, “Идораи СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ” ва “Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишотии андоз (молиявӣ) - и ИДМ” ба роҳ мондааст.
Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2012» ба тасвиб расида, баъди ба охир расидани муҳлати амали он “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020”  қабул гардид. Мақсади стратегияи мазкур ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, ба паст кардани сатҳи коррупсия дар кишвар, бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона шудааст.
Танҳо дар ду соли охир ҷиҳати иҷрои талаботҳои стратегия, ки ба паст кардани сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардидаанд, агентӣ дар 247 вазорату идора, ташкилоту муассиса санҷишҳои назоратӣ гузаронда, аз натиҷаи онҳо баҳри баратараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешид. Инчунин, барраси гардидани натиҷаи санҷишҳои гузарондаи агентӣ дар Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боз ҳам ҷоннок гардидани фаъолияти субъектҳои муқовимат бо коррупсия дар ин самт боис гардид.
Агентӣ ҳамчун мақоми ҳамоҳангсози пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ҷиҳати амалӣ кардани чорабиниҳои дар стратегия овардашуда, соли 2016 таҳқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ оид ба арзёбии вазъи коррупсия ва муқаррар намудани сатҳи онро дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ гузаронд, ки натиҷаи он дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифта, баҳри дар амал татбиқ намуданаш вазифаҳои мушаххас дода шуд. Дар ин давра аз шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ 27848 ариза ба агентӣ ворид гардидааст, ки аз натиҷаи баррасии онҳо дар муҳлатҳои дар қонун пешбинишуда ба аризадиҳандагон ҷавобҳои саҳеҳ ва қаноатбахш дода шудааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар амалисозии стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз ҳамаи воситаю имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, муқовимати маҷмӯиро дар ин самт пурзӯр менамояд ва бо ин роҳ шаффофияти фаъолияти худро таъмин мегардонад.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти агентӣ фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ буда, ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб, пайваста чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботиро роҳандозӣ менамояд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки мубориза бар зидди ин вабои аср танҳо кори як мақомоти агентӣ набуда, тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандиро водор месозад, ки дастаҷамъона фаъолият намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2017    №: 6    Мутолиа карданд: 3651
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед