номаҳо
ЛИБОСИ АРӮСӢ. ЧАРО ОН МИЛЛӢ НЕСТ?
Ба тақлиди аврупоиён либоси махсуси арӯсӣ ба бар кардем. Албатта, он зебо аст ва ба ҳусн шукӯҳи тоза мебахшад. Рангаш ҳам сафед ва рамздор мебошад. Вобаста ба он, бахти сафедро таманно мекунанд. Аммо ин либосро бо нархи бас гарон мехарем.
Як навъ мусобиқа низ дар ин маврид вуҷуд дорад: кӣ аз он либос гаронтарашро мехарад. Аз рӯи расми маъмулӣ либоси арӯсиро ҷониби домод ё худ шаҳ бояд бихарад. Як хешовандам чун мебинад, ки аз он ҷониб дар рӯзи ҷашни арӯсӣ ин расм бар асари надоштани маблағ риоя намегардад, ҳарчанд ҳам исрор меварзанд, худашон онро мехаранд. Не, балки онро барои чанд соат ба тариқи ориятӣ мегиранд, бо пардохти 500 доллари амрикоӣ. Агарчи аз миён як сол гузаштааст, ҷониби домод ин қарзро барнагардондаанд. Хоҳ – нохоҳ ин ба зиндагии ду ҷавон, ки дар оғози роҳи зиндагианд, таъсири бади худро мегузорад.
Акнун бармегардам ба гузаштаи начандон дур. Либоси арӯсиро намехариданд, балки худашон бо орзуҳои зиёд медӯхтанд. Матоъҳои рангоранг: сафед, сабз, сурх, зардро ба назди беҳтарину моҳиртарин қаламзан мебурданд. Баъд бо завқу маҳорати хос онҳоро медӯхтанд. Баъзе аз дӯстону наздикону пайвандон дар ин кори барояшон пурифтихор иштирок менамуданд. Ҳангоми дӯхтан сурудҳои халқиро мехонданд ва ба арӯси оянда бахт мехостанд. Ҳамзамон шахсони рӯзгордида маслиҳатҳои судбахш медоданд. Ин курта ҳангоми базм ҳусни арӯсро даҳчанд меафзуд. Куртаро дар хонаи шавҳар низ мепӯшид ва баъд аз он нигаҳдорӣ мешуд, чун беҳтарин нишон аз беҳтарин рӯзҳои умр. Ба ин восита ҳунарҳои мардумӣ рушд меёфту густариш.
Ҳолиё ҳам аврупоиёну ғарбиён ба ин гуна либосҳои мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд ва онҳоро ба нархҳои гарон мехаранд. Фикр мекунам, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ба фарҳанги миллиямон бояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир бикунем. Албатта, бисёр хуб мебуд, ки дар ҷашнҳои арӯсӣ ба эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ арӯсон либосҳои миллӣ бипӯшанд. Хоҳишмандон зиёданд, танҳо иқдом бояд кард.
З. АКРАМОВА, шаҳри Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2017 №: 7 Мутолиа карданд: 5634