маориф
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ. БАРДОШТЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ МАҲМУДҶОН ДАВЛАТОВ
Ман - писари ягонаи падару модари таҳсилдидаю бомаърифати фирории солхӯрда ва нисбатан осудаҳоли муваффақ, ятиммонда (1945) аввал дар хонаҳои хешон зиндагӣ кардам. Баъд (1947) ба интернати давлатии деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод (ҳоло ба номи Шамсиддини Шоҳин) афтодам. Пас аз хатми он ба Донишгоҳи муаллимтайёркунии Кӯлоб дохил шудам.
Бо ятими дигар бо ному насаби Маҳмудҷон Давлатов, ки дар омӯзишгоҳи педагогӣ мехонд, маҳз дар ҳамин даргоҳ шинос шудам ва фаҳмидам, ки ӯ низ дар кӯдакӣ бе падару модар дар хонаи хешон ба воя расидааст. Бо вуҷуди ин, дар мактаб ҳам аъло хонда, бо медал сарфароз гардид. Бисёр меҳнатдӯст ва ҳалолу тозакор буд. Умуман, нисбат ба мо таҷрибаи зиндагию корӣ бештаре дошт.
Баъди ду сол Маҳмудҷон, ки ҷавони шармгин, табиатан ором, ҳалим, хоксор, ботамкин, боодоб буд, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба факултаи филология дохил шуд. Ӯ худ-ро ҳамчун ҷавони меҳнатдӯст ва бомасъулият дар ин ҷо низ муаррифӣ кард. Дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол, бахусус пахтачини номӣ буд. Дар интизом ҳам намунаи ибрати дигарон. Ҳеҷ гоҳ алфози ношоистаро ба забон намегирифт. Суханро кам, вале пухтаю суфта мегуфт. Вақташро самарабахш сарф мекард. Аз амалҳои номатлуб сахт парҳез менамуд.
Баъди хатми донишгоҳ ӯро дар факулта ба кор гирифтанд. Аввал лаборант ва баъд омӯзгори кафедра таъйин мегардид. Ба кори илмӣ машғул шуд. Рисолаи номзадӣ (1965) ҳимоя кард. Соҳиби дараҷаи илмӣ гардид. Рисолаи номзадии ӯ ба ҳаёт ва эҷодиёти Абулқосим Лоҳутӣ бахшида шудааст. Баҳси доманадори жанри ғазал дар адабиёти давраи навини тоҷик баамаломадаро ҷамъбаст кард. Меҳнати арзандаи ӯро мақомоти вақт хуб қадр намуданд. Ӯ бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатмандона», «Ветерани меҳнат», унвонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии маорифи СССР», сарфароз гардонда шуд. Олимони факултет меҳнати софдилонаашро ба назар гирифта, ӯро мудири кафедра ва баъд декани факултет интихоб карданд. Дар ин вазифаҳо зиёда аз 15 сол фаъолият намуд.
Маҳмудҷон асосан мададрасони донишҷӯён буд. Шогирдон бисёр дӯсташ медоштанд.
Вале афсӯс дӯсти ман дар авҷи камолоти эҷодӣ, моҳи июни соли 1992 ин дунёи фониро падруд гуфт.
Маҳмудҷон, дар ҳақиқат, инсони бузург буд. Чунин шахсиятҳо агар ҳам аз дида мераванд, аз дил намераванд. Зикрашон ҳамеша номашонро зинда медорад.
Ҳ. ИСКАНДАРОВ,
коршиноси низоми маориф
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2017 №: 7 Мутолиа карданд: 4996