маориф
ОМӮЗГОР. ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН БОШЕМ!
Масъалаи баланд бардоштани сифати таълим, хоса дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ, аз масъалаҳои муҳиму асосии соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Ба ин хотир, ба ташаккулу инкишофи тафаккури кӯдак маҳз дар ин давра масъулон аҳамияти махсус медиҳанд. Ба масал ин ниҳолон ба тарбия ва ғамхории боғбон бештар ниёз доранд.
Албатта, вазифаи ҳар омӯзгор, пеш аз ҳама, бо фаъолияти дурусту пурсамар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мебошад. Агар ин масъулият эҳсос нагардад, умед ба пешрафти соҳа намемонад ва ҳам дурри мақсуд ба даст намеояд. Омӯзгор дар назди Ватан ва ҷомеа масъул аст, ки ба навомӯзон дониш бидиҳад ва дар тарбияи дурусти онҳо саҳм бигирад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин рӯ, аз оғози фаъолияти роҳбарии худ маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намуд. Дар баробари он, ба мақоми омӯзгор баҳои баланд дод. Аз ҷумла, изҳор дошт, ки ӯ дар раванди таълиму тарбия бо падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ масъул аст, ки насли шоистаи давронро ба камол бирасонад. Ба ҷуз ин, бо таъкид изҳор медорад, ки дар ин раванд ҳуқуқи хато карданро надорад. Чаро? Чунки тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯ мебошад.
Бояд махсус ёдовар шуд, ки Президенти мамлакат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад».
Ҳамзамон аз мо – омӯзгорон талаб карданд, ки ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир бикунем. Мақсад аз ин ҳама таъкидҳо ва талабот чист? Посухро ба ин пурсиш аз Паём Сарвари давлат пайдо карда метавонем: «Тоҷикистон аз рӯи барномаҳои давлатии қабулкардаи Ҳукумат минбаъд ба сӯи мамлакати саноатӣ қадам гузошта, дар ояндаи наздик талабот ба мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ хеле зиёд мешавад». Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки дар асоси дурнамои мазкур хонандагонро аз ҳозир омода бисозем ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳама донишу таҷриба, саъю кӯшишамонро ба харҷ бидиҳем.
Гулнора ҶАББОРОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи №86 – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2017 №: 7 Мутолиа карданд: 5148