logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОН НАБОЯД БЕТАРАФ БОШЕМ!

Яке аз хусусиятҳои хоси Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз он иборат аст, ки дар он Сарвари давлат дар баробари зикри дастовардҳо, як қатор масъалаҳои мубрам, мисли мубориза бо коррупсияро мавриди таҳлил қарор доданд. Аз ҷумла, таъкид карданд: «Мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Зеро, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд».

Бо мақсади дарёфти роҳҳои паст кардани сатҳи коррупсия ва батадриҷ аз байн бурдани он Сарвари давлат изҳор намуданд, ки соли равон аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пурсиши сотсиологӣ оид ба арзёбии вазъи коррупсия гузаронда шуд. Тибқи ин назарсанҷӣ коррупсия аз ҳама бештар дар сатҳи сохтору мақомоти идоракунӣ ба назар расида, дониши пасти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хоҳиши зудтар ҳал намудани мушкилоти худ ҳамчун сабаби содир намудани амалҳои коррупсионӣ арзёбӣ шудааст.
Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо масъулони ниҳодҳои давлатӣ ба ҷойи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб,  худ даст ба ҷиноят мезананд, ки боиси нигаронист. Тавре дар Паём омадааст, сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ баланд мебошад. Ба назари коршиносон, яке аз сабабҳои паҳн гардидани коррупсия ин мукаммал набудани асосҳои ҳуқуқӣ ва механизмҳои санҷиши як қатор сохторҳои молиявӣ ва қарзӣ мебошад. Ба андешаи Сарвари давлат, «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди мавҷуд будани омилҳои зиёди коррупсионӣ дар масъалаҳои вобаста ба андоз, фаъолияти бонкҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷетӣ, фондҳо ва қарзи давлатӣ дар қонунгузорӣ барои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия салоҳияти мустақилона гузарондани санҷиши соҳаҳои мазкур муқаррар нашудааст”. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш доданд, ки барои бартараф кардани ин камбудӣ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ба ақидаи коршиносони соҳа, роҳи таъсирбахши мубориза бо ин зуҳуроти нангин сафарбар намудани тамоми неруҳои солими ҷомеа, аз байн бурдани омилҳои паҳншавии он ба шумор меравад. Ба таъкиди Президенти кишвар, фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.
Бунёди ҶУМЪАХОН,
корманди  раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2017    №: 8    Мутолиа карданд: 3924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед