logo

суханрониҳо

Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзон ва мардуми кишвар, 27 июли соли 2009

Мӯҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳамватанони азиз!

Чунон ки ҳамаи шумо мушоҳида мекунед, бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон бо шиддат идома ёфта, ба иқтисоди аксари давлатҳои дунё, аз ҷумла ба иқтисоди миллии мо таъсири манфии худро гузошта истодааст. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳарчи сабуктар гардонидани оқибатҳои бӯҳрон ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва мардум то имрӯз як силсила чораҳои мушаххас андешида шуданд.
Шумо дар хотир доред, ки соли гузашта ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид дошта будам, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо, пеш аз ҳама, истифодаи оқилонаву самараноки замин, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ захираи дусолаи маҳсулоти озуқа, аз ҷумла гандумро анҷом диҳанд. Зеро ҳам дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ва ҳам бар асари офатҳои гуногуни табиӣ, хушксолӣ, камобӣ ва омилҳои дигар таъминоти аҳолӣ бо  маҳсулоти озуқаворӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ба проблемаи ҷиддӣ табдил ёфта истодааст ва мутобиқи таҳлили коршиносон ин раванд минбаъд низ идома меёбад.
Табиист, ки дар чунин шароит мо бояд, пеш аз ҳама, ба қувваи худ такя намоем ва ин нуктаро ҳар як сокини мамлакат, дар навбати аввал кишоварзон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, хуб дарк намоянд.
Имсол бо инояту меҳрубонии Худованди таоло обу ҳавои мусоид ва саъю кӯшиши кишоварзони мамлакат ҳосили хуби ғалладона ва умуман ҳамаи навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба даст омадааст. Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили ғалладона ба итмом расида истодааст ва аз рӯи маълумоте, ки ман дар даст дорам, ҳосилнокӣ хеле хуб аст.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи кишоварзон ва ҳамчунин онҳое, ки ҷавобан ба муроҷиатномаи соли гузаштаи Роҳбари давлат ҳамаи имкониятҳои худро сафарбар намуда, бо эҳсоси гарми ватанпарварона ва инсондӯстона заҳмат кашиданд ва ҳосили бесобиқа хуб рӯёнида, ба фаровонии дастархони мардум мусоидат карданд, изҳори сипосу  миннатдорӣ менамоям.
Тавре ки рӯзҳои ҷашни солгарди Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд ҳангоми мулоқот бо роҳбарону фаъолони кишвар хотирнишон карда будам, табиат ҳар сол чунин саховатманд намешавад. Бинобар ин, ба роҳбарони хоҷагиҳои тухмипарвар ва деҳқонӣ, инчунин олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ зарур аст, ки бо татбиқи васеъ ва ҳамаҷонибаи дастовардҳои илму техникаи муосир заминҳои обиро ҳарчи  оқилонаву самараноктар истифода намуда, ҷиҳати парвариш ва захираи навъҳои серҳосил ва аълосифати тухмӣ, пеш аз ҳама, тухми ғалладона  тамоми чораҳои имконпазирро андешанд.
Ҳамчунин, роҳбарону масъулини корхонаҳои коркарди ғалла низ кӯшиш намоянд, ки ҳарчи бештар гандумро аз аҳолӣ харидорӣ ва захира намоянд.
Дар баробари ин, ҳар касе, ки имконият ва тавоноӣ дорад, фаровонии имсоларо ғанимат дониста, барои ду соли оянда маводи хӯрока ва махсусан гандумро захира намояд. Яъне ҳар як оила бояд бо истифода аз фаровониву афзоиши имсола захираи дусола дошта бошад.
Кишоварзони мамлакат бояд аз обу ҳавои мусоид пурсамар истифода бурда, барои гузаронидани кишти такрорӣ ва рӯёнидани ду ҳосил ҳар рӯзро ғанимат шуморанд.
Раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот, роҳбарону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд суръати кишти такрориро, ки мутобиқи дурнамо дар ҳаҷми 200 ҳазор гектар муайян шудааст, тезонида, инчунин корҳои омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла захираи ангишт ва гази моеъро вусъат бахшанд. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки танҳо бо роҳи истифодаи оқилонаву самараноки замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мо метавонем фаровонии дастархони мурдуми кишвар  ва амнияти озуқавории давлати худро таъмин намоем.
Бинобар ин, бори дигар бо итминони комил изҳор медорам, ки мардуми шарифи кишвар ва пеш аз ҳама деҳқонону кишоварзон бо дарназардошти вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, аз обу ҳавои мусоид ва замини ҳосилхези Тоҷикистон пурсамар истифода намуда, барои таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ минбаъд низ софдилона заҳмат мекашанд.
Дар ин кори хайр ба ҳамаи шумо барори кор ва ба хирмани деҳқонони мамлакат файзу баракат орзумандам.
Ташаккур!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3110
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед