logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бирама Боубакар Сидибе

27 июл   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки исломии рушд Бирама Боубакар Сидиберо ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Бирама Боубакар Сидибе Тоҷикистонро яке аз узви бисёр муҳим, фаъол ва ташаббускори Бонки исломии рушд номида, изҳор дошт, ки ӯ ба ин ҷо  барои баррасӣ ва дарёфти роҳҳои рушди ҳамкории минбаъда  ва кӯмакрасонӣ баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ омадааст.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз замони узвияти Тоҷикистон дар Бонки исломии рушд, яъне аз соли 1997 ба ин сӯ, дар ин  ҷо 19 созишномаи қарзӣ ва 11 лоиҳаи грантӣ бо дастгирии молиявии бонк амалӣ шуданд.
Айни ҳол дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки исломии рушд 8 лоиҳаи инвеститсионӣ сармоягузорӣ мешавад, ки маблағи умумии онҳо 91,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Зикр гардид, ки мутобиқи барномаи сесолаи ҳамкорӣ бо  Бонки исломии рушд то соли 2011 дар Тоҷикистон 7 созишномаи қарзӣ ба маблағи 80 миллион доллар ва 5 лоиҳаи грантӣ ба маблағи 1,3 миллион доллар амалӣ хоҳанд шуд.
Таъкид ёфт, ки дар ҷараёни ҳамин сафар Бирама Боубакар Сидибе ду созишномаи қарзии Бонки исломии рушдро бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба имзо мерасонад, ки мутобиқи онҳо 20 миллион доллар барои сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб -  Қалъаи Хумб ва 10 миллион доллар барои маблағгузории лоиҳаҳои хурди рушди деҳот ҷудо карда хоҳад шуд.
Бирама Боубакар Сидибе  ҳамчунин иттилоъ дод, ки барои муайяну мушаххас намудани роҳҳои густариши ҳамкории минбаъда ва ҳаҷми кӯмакҳои ояндаи молиявӣ ба Тоҷикистон ба наздикӣ ба шаҳри Душанбе гурӯҳи кории Бонки исломии рушд ташриф хоҳад овард.
Дар Тоҷикистон таъсис додани як бонк, ки бо усулҳои исломии бонкдорӣ фаъолият дошта бошад, зарур шумурда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2031
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед