номаҳо
КӮЛОБ. ВАЗЪИ САНИТАРИЮ ЭКОЛОГӢ БА ИСЛОҲ НИЁЗ ДОРАД
Кӯлоб яке аз шаҳрҳои бостонӣ ва калони кишвар ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза садҳо сайёҳони хориҷиву дохилӣ ба инҷо меоянд. Бо вуҷуди пешрафтҳои азим ва корҳои созандагӣ, дар ин шаҳри бостонӣ ҳанӯз ҳам дар бархе аз маҳаллаҳо манзараҳое ба чашм мерасанд, ки ҳусни онро мекоҳонанд.
Масалан, дар маркази шаҳр, аз ҷумла, наздикии бозори «Саховат», меҳмонхонаи «Хатлон», хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, сойи Тебалай, Девонасой, маҳаллаҳои Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Борбад, кӯчаҳои ба номи Рӯдакӣ, Суғдиён, Чармгарон тозагии муҳити зист риоя нашуда, партовҳо сари вақт тоза намешаванд. Дар кӯчаҳои марказӣ роҳравҳое ба назар мерасанд, ки сафолакҳояшон шикаставу ноҳамвор гаштаанд. Бахусус, ҳамон кӯчае, ки мавриди гаштугузори сайёҳони хориҷӣ қарор дошта, роҳро ба Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Кӯлоб», Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализода мебарад, ҳолати ногувор дорад.
Мутаассифона, масъулон чунин вазъро нодида мегиранд ва нисбат ба ислоҳи он чораҷӯӣ намекунанд. Ҳолати дигареро зикр намудан лозим аст, ки дар ҷӯйбори назди истгоҳи мусофиркашонӣ ва Девонасои кӯчаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб партовҳои зиёд ҷамъ шуда, вазъи санитарӣ ташвишовар гардидааст. Баъзан сокинони шаҳр ба ин ҳолат бепарвоӣ зоҳир намуда, маданияти шаҳрнишиниро низ риоя намекунанд. Дар назди баъзе биноҳои баландошёна аз бӯйи бади партов нафас гирифта намешавад. Агар қоидаҳои одии партофтани партов дар қуттиҳои махсус аз ҷониби сокинон риоя гардаду гирду атрофи хона ва даҳлезҳоро бо навбат рӯбучин кунанд, чунин манзараҳои дилгиркунанда ба вуҷуд нахоҳанд омад.
Ҳамин гуна ҳолатҳо дар дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон низ ҷой доранд. Ҳарчанд ин мавзӯъ борҳо дар матбуот бозтоб шудааст, вале натиҷа ҳамон аст, ки ҳамон.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2017 №: 11-12 Мутолиа карданд: 5012