logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СИРИЛ МЮЛЛЕР

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд. Таъкид гардид, дар давоми 23 - соли шарикӣ гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, дастгирии Буҷети давлатӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок ҳамкории манфиатбор ба роҳ монда, дар ин муддат қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва ёриҳои техникии зиёд пешниҳод намудааст. Аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки айни замон лоиҳаҳои фаъоли бонк ба маблағи зиёда аз 350 миллион доллари ИМА дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон мавриди иҷро қарор доранд.
Ҷонибҳо доир ба татбиқи босамари Стратегияи панҷсолаи ҳамкориҳои дуҷониба, ки пеш аз ҳама, самтҳои рушди бахши хусусӣ, иҷтимоӣ ва тақвияти робитаҳои минтақавиро дар бар мегирад, табодули афкор карда, тарҳезӣ ва амалисозии лоиҳаҳои пешгирӣ аз хавфи офатҳои табиӣ, барқарорсозӣ ва соҳилбандии дарёҳои Тоҷикистонро низ дар доираи ин стратегия муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҷиҳати идомаи бобарори ҳамкориҳо дар татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи КАСА - 1000, таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак ва дарёфти маблағҳои иловагӣ дар татбиқи лоиҳаи мазкур, ҳамзамон, рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили ҳамкории самарабахш дар татбиқи барномаю стратегияҳои рушди миллии Тоҷикистон ва мусоидат ба пешгирии шиддати буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2017    №: 13    Мутолиа карданд: 4818
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед