logo

маориф

«Таълими ҳарбӣ дар мактабҳо ҷавобгӯи талабот нест»

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Ҷовиди Аштӣ «Таълими ҳарбӣ дар мактабҳо ҷавобгӯи талабот нест»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 16 майи соли 2009, № 61 ба табъ расида буд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Муаллиф навиштааст: «Агар таълими дарси ҳарбӣ ва машқҳои шашрӯзаи ҳарбии хонандагон бо қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кам ва аз байн бардошта намешуд, дар масъалаи сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ намегаштем. Ҳоло дар мактабҳо таълими ҳарбӣ ҷавобгӯи талаботи рӯз нест. Аз ин рӯ, Вазорати маорифро зарур аст, ки баҳри ислоҳи камбудиҳо чораҳои муассир биандешад».
Эроди муаллифи мақола дар бораи он ки «…таълими дарси ҳарбӣ ва машқҳои шашрӯзаи ҳарбии хонандагон бо қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кам ва аз байн бардошта шудаанд» ҳақиқати воқеӣ надорад. Зеро, то соҳибистиқлолии миллӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои гузаронидани машқҳои шашрӯзаи ҳарбӣ маблағ ҷудо карда шуда, комиссариатҳои ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо омӯзгорони фанни тайёрии ибтидоии ҳарбӣ он машқҳои шашрӯзаро амалӣ менамуданд. Бинобар ин, агар сабаби кам кардани таълими фанни тайёрии ҳарбӣ ин пеш аз ҳама норасоии омӯзгорон бошад, пас машқҳои шашрӯзаи ҳарбӣ на бо қарори Вазорати маориф, балки бинобар сабаби аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағгузорӣ накардан ва дастгирӣ наёфтан, аз байн бардошта шуданд.
То ба эътидол омадани ҳолати мавҷуда Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳо андешида, аз ҷумла «Дастури методӣ ба ёрии роҳбарони ҳарбии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонд. Ҳолати таълими фанни мазкурро моҳи апрели соли 2007 дар маҷлиси назоратии назди вазири маориф мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода, баҳри рафъи камбудиҳо ва таъминот бо омӯзгорони фанни тайёрии ибтидоии ҳарбӣ чораҳо андешид. Таълими такмилёфтаи фанни тайёрии ибтидоии ҳарбиро дар шакли китоби дарсии «Омодагии дифои ҳарбӣ» барои синфҳои 10-11 омода намуд. Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28.07.2008, № 14/27) Нақшаи намунавии таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ карда, аз соли таҳсили 2008-2009 таълими фанни мазкурро дар синфҳои 10-11 ҳафтае як соатӣ дар 1671 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ, ки бо омӯзгорон ва кабинетҳои алоҳидаи таълимӣ таъмин буда, қисме аз онҳо бо қисмҳои ҳарбӣ ҳамкорӣ доранд, ба роҳ монд.
Имрӯз дар аксарияти мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кабинетҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории яроқ, майдончаҳои ҳарбӣ-варзишӣ ва тир мавҷуданд, вале бо сабаби маблағгузорӣ нашудан аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, дастгирӣ наёфтан аз ҷониби комиссариатҳои ҳарбӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қувваи барқ ба таври доимӣ таъмин набудан   ҳуҷраҳои нигоҳдории яроқҳо дар ҳолати ногувор қарор доранд.
Ғайр аз китоби дарсӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дигар воситаи аёнӣ, методӣ ва ё таълимӣ ба забони давлатӣ қариб вуҷуд надорад. Дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз ҳам аз асбобҳои аёнии таълимии замони шӯравӣ истифода мебаранд.
Баҳри ҳалли мушкилоти мавҷуда зарур аст, ки воситаҳои аёнӣ аз тарафи Ташкилоти мададгори мудофиа ва маводи таълимӣ барои ёрии аввалияи тиббӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ дар мувофиқа бо Академияи таҳсилоти назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тайёр карда шуда, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои гузаронидани машқҳои шашрӯзаи ҳарбӣ бояд маблағи зарурӣ дарёфт намояд. Дар масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорони тайёрии ибтидоии ҳарбӣ ва ба таври амалию аёнӣ дар қисмҳои ҳарбию кафедраҳои ҳарбӣ баргузор намудани сӯҳбату вохӯрӣ ва машғулиятҳо бошад комиссариатҳои ҳарбӣ  ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд мусоидат намоянд.
Мавриди зикр аст, ки Вазорати мудофиа ба беҳтар шудани вазъи таълими фанни омодагии дифои ҳарбӣ масъул буда, Низомномаи омодагии ҳарбии тодаъватиро бояд таҷдиди назар намуда, дар он вазифаҳои вазоратҳои маориф, тандурустӣ, кумитаҳои мададгори мудофиа, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро муайян намояд. Ҳамагуна маводи таълимӣ ва барномаю китобҳои дарсии тайёрии ибтидоии ҳарбӣ дар мувофиқа бо вазорату кумитаҳои марбута тасдиқ карда шаванд.
Барои он ки дар мактабҳо таълими ҳарбӣ ҷавобгӯи талаботи рӯз бошад, ҳамкорию дастгирӣ ва мусоидати мақомоти зикргардида зарур аст.

Абдуҷаббор РАҲМОНОВ,
вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 8062
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед