маориф
СОҲАИ МАОРИФ. 600 МИЛЛИОНИ ҶУДОШУДА ҲАДДИ НИҲОӢ НЕСТ
Дар Паёми навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф, бавижа, сохтмону барқарорсозии биноҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, таъкид гашт, ки дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо баровардашуда, азнавсозӣ ва бунёдгардида беш аз 800 адад ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Аммо, бо вуҷуди вусъати бунёдкориҳо дар ин самт дар манотиқи дурдасти кишвар ба хонандагон ҳоло ҳам дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо таълиму тарбия медиҳанд. Мусаллам аст, ки баробари зиёд шудани шумораи хонандагони мактаб ниёз ба синфхонаҳои иловагӣ ва муассисаҳои таълимӣ низ меафзояд. Мувофиқи маълумоти дастрасгардида, дар қаламрави кишвар соли гузашта 201 бинои муассисаи таълимӣ барои 39028 ҷойи нишаст ва бо маблағи умумии 537 миллиону 562 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дар баробари ин, бино ба гуфтаи Абдуқодир Зарифов, сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илм дар асоси «Барномаи давлатии сохтмон, таъмир ва азнавсозии мактабҳои миёна барои солҳои 2008 – 2015» дар миқёси мамлакат 101 бино аз хонаи шахсӣ ва 136 мактаб аз вагонҳо бароварда шуд. Ин бахши фаъолияти вазорат ҳанӯз идома дорад ва танҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон то ҳол рӯйхати 22 мактаби дигар мураттаб гардидааст, ки синфхонаҳои алоҳида дар вагону хонаҳои шахсӣ таъсис ёфтаанд.
- Албатта, 22 мактаб, - шарҳ медиҳад Абдуқодир Зарифов, - муассисаҳое нестанд, ки танҳо дар вагонҳо ё хонаҳои шахсӣ ҷойгир бошанд. Агар ғунҷоиши лоиҳавии ин ё он муассисаи таълимӣ пур шуда бошаду дар наздаш ҳадди ақал як вагонро ҳамчун синфхона истифода баранд, аллакай он ба рӯйхати барномаи мо шомил мешавад.
Ё худ, се – чор хоҷагӣ ба минтақаи дуртари деҳа мекӯчад, ё пештар кӯчида бошанд, соҳиби фарзанд шаванд. Аз сабаби дурии роҳ, обу ҳаво, бавижа, дар фасли зимистон барои кӯдакони худ хонаи шахсиеро ба сифати синфхона мавриди истифода қарор дода, омӯзгор ҷалб мекунанд. Дар натиҷа, он хона низ ҳамчун хонаи шахсии таълимӣ ҳисобида мешавад.
Вазорат дар баробари муайян гаштани шумораи чунин муассисаҳо ҳатман онҳоро ба рӯйхат гирифта, пайи ислоҳаш мешавад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.01.2017 №: 14-15 Мутолиа карданд: 4498