logo

ҳуқуқ

ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР МЕГИРАД

Соли сипаришуда Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид  ба  таълим  ва   тарбияи   ҳуқуқии  шаҳрвандони  назди  раиси  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар самти  ҳамоҳангсозии  қонуният ва  тарбияи  ҳуқуқии аҳолӣ корҳои судманд анҷом дод. Дар  ин  давра вазъи ҳуқуқии шаҳру ноҳияҳои  вилоят, риояи  қонуният  пайваста мавриди баррасии шӯро қарор гирифта, истифодаи  воситаҳои ҳуқуқӣ ба  мақсади рушди  самараноки  иқтисодиёт, баланд  бардоштани  сатҳи некуаҳволии  мардум, мустаҳкам  кардани  интизоми  меҳнат  дар  идораҳои  давлатӣ, ҷамъиятӣ  ва  истеҳсолот  беш  аз  пеш  беҳтар шуд.
Зиёратшо  Ғайратшозода, сардори Раёсати адлияи вилоят, ҳамзамон котиби шӯро, аз фаъолияти баъзе аъзои Шӯрои  вилоятии  мутобиқсозию  методӣ  оид  ба  таълим  ва   тарбияи   ҳуқуқии  шаҳрвандони  вилоят   дар  соли   сипарӣ  изҳори  нигаронӣ  намуд. Ӯ  ба  гунаи  мисол  зикр  кард, ки  аз   49   нафар  сардори   мақомоти  давлатӣ -  аъзои   шӯрои  мазкур   доир  ба  иҷрои  қарорҳои Ҳукумати  мамлакат танҳо 14   ниҳод  аз  фаъолияти  худ ба шӯро   гузориш  пешниҳод  кард. Раёсатҳои  маориф  ва  илм, тандурустӣ, кумитаи  ҷавонон, варзиш ва  сайёҳӣ, шуъбаи  фарҳанг,  Пажӯҳишгоҳи улуми  инсонии  назди  Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  шаҳри Хоруғ, мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии  шаҳру  ноҳияҳо  аз  ҷумлаи  ниҳодҳое  мебошанд, ки  баъди  ёдрасии чандинкарата  ҳам  ба  шӯро  ягон  маълумот  пешниҳод  карда  натавонистанд. Корҳои  ташвиқотиву тарғиботӣ дар  маҳаллаҳо,  ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳот, корхонаву ташкилотҳо  дар  сатҳи  паст  арзёбӣ  гардид.
Шодихон Ҷамшед,  раиси ВМКБ, ки ҳамзамон раиси Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи   ҳуқуқии  шаҳрвандон мебошад, тарбияи  баланди ҳуқуқиро  дар  замони  муосир  муҳим  арзёбӣ  карда, зикр  намуд, ки  масъалаи  баланд  бардоштани маърифати  ҳуқуқии  аҳолӣ  дар  Паёми  навбатии   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олӣ  махсус таъкид   ёфта,  густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ яке вазифаҳои муҳимтарини  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  арзёбӣ  гардидааст. Дар  ҳошияи  ин  ҳуҷҷати  муҳим раиси вилоят масъулонро муваззаф сохт, ки дар муҳлатҳои  наздиктарин фаъолияти  шӯроҳои  шаҳрию  ноҳиявиро мавриди  санҷиш  қарор  дода, аз натиҷаи  он  дар  яке  аз  ҷаласаҳои  шӯрои  вилоятӣ  гузориш диҳанд. Раиси  вилоят  доир  ба  фаъолияти  аъзои  шӯро  дар  давоми  соли   2016  ва  вазифаҳо  барои  соли  равон  ба роҳбарони  идораву  муассисаҳои  вилоятӣ ҷиҳати  рафъи  камбудиҳои ҷойдошта   ва  вусъати  корҳои  фаҳмондадиҳӣ   дастуру супоришҳои  мушаххас дод.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2017    №: 14-15    Мутолиа карданд: 3582
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед