logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай

Нимаи дуюми рӯзи 29 июл  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ба шаҳри Душанбе баҳри анҷом додани вохӯриҳои дуҷониба, сеҷониба ва чорҷониба бо сарони Тоҷикистону Покистону Русия ташриф овардааст, мулоқот намуд. Дар он  масъалаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ  шуд.
Сарони ду давлат аз пайвастагӣ  ва мазмуну мӯҳтавои робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ  ва фарҳангӣ  изҳори қаноатмандӣ  карда, ҳамгироиҳои амниятии сохторҳои дахлдори ду кишварро дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ  намуданд.
Сӯҳбати сарони Тоҷикистону Афғонистон нахуст дар мулоқоти як ба як, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб ҷараён гирифт.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон изҳори боварӣ  намуд, ки интихоботи пешомади Раиси Ҷумҳурии Афғонистон ва натиҷаҳои он ба таҳкими минбаъдаи амнияту субот ва рушди иқтисодиёти ин кишвари азияткашида мусоидат мекунад.
Ба андешаи Эмомалӣ  Раҳмон, таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ   роҳи асосӣ  ва бешубҳаи таҳкими субот дар Афғонистон аст.
Аз ин хотир, сарони ду давлат ба таҳкиму густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ  бо фарогирии тамоми кишварҳои манфиатдори минтақа омодагии худро таъкид намуданд.
Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ  ва роҳҳои оҳану мошингарди пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ  бо Осиёи Ҷанубӣ  ба манзури болобарии иқтидори содиротӣ  ва транзитии ду кишвар аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон маънидод гардид.
Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо миёни Точикистону Афғонистон якчанд санади нави ҳамкорӣ  ба имзо расид:
Протокол миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  оид ба нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ  аз 27  апрели соли 2005;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ,  хоҷагии об ва чорводории  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ҳамкорӣ  баҳри гузарондани чорабиниҳои зидди малах ва ҳашароти зараррасони дигари махсус хавфнок ва касалиҳои растанӣ .
Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай дар маросими оғози сохтмони бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ  намуданд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар ҷойи бунёди бинои асосии сафоратхона гузошта, ба сохтмони он оғози расмӣ  бахшиданд.
Зимни суханрониҳои табрикӣ , аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин ҷо дар майдони 1 гектар замин биноҳои маъмурии сафорат ва манзилҳои истиқоматии кормандони он бунёд хоҳанд ёфт.
Сарони ду давлат бунёди бинои нави сафоратро ба кулли шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон ва қабл аз ҳама, онҳое, ки миёни ду кишвар равуою ҳамкорӣ доранд, табрику таҳният гуфтанд.

Шанбе, 1 августи  соли  2009.  № 96 (21 603). Соли 85-уми нашр.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2003
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед