logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон, дар маросими гузоштани санги аввал ба пойдевори бинои Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ш. Душанбе, 29 июли соли 2009

Ҷалолатмаоб,
Дӯстони арҷманд,
Воқеан, ҳамоиши имрӯза рӯйдоди назаррас дар таърихи навини сиёсии муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистони ҳамҷавор, дӯст, ҳамзабон, ҳамдину ҳамкеш мебошад. Ба пойдевори бинои наву ояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе санги аввал гузошта мешавад.
Дар тӯли 17 соли охир мо, чун давлатҳои соҳибистиқлол, ба пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ  ва маънавӣ, суннатҳои таърихии дӯстӣ , ҳамёрӣ  ва ҳамсоягии нек такя намуда, муносибатҳои байнидавлатии худро дар асоси нав ба роҳ  мондаем. Ва ин раванд мунтазам густариш ёфта, зинаҳои нав ба навро фатҳ  менамояд.
Мусаллам аст, ки кишварҳои мо дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд. Маҳз ҳамин омил ва пайвандҳои ногусастании таърихию фарҳангӣ  моро ҳарчи  бештар водор месозанд, ки ҳамкории воқеан судманду фарохро дар асоси дуҷониба ва сеҷониба рушду густариш бахшем. Ин, аз ҷумла, имкон медиҳад, ки нақши геополитикӣ  ва транзитию иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон ҷиддан боло бардошта шавад.
Тоҷикистон ва Афғонистон дар қалби қитъаи бузурги Осиё ҷой гирифта, чорроҳаи пайванди минтақаҳои бузурги дунё мебошанд. Ин амр тақозо менамояд, ки мо муассисоти бузург ва сатҳи муосири инфрасохторӣ, қабл аз ҳама, роҳҳо, пулҳо, нақбҳо созем.
Нақши роҳҳои бузурги байниминтақавӣ  ва байналмилалӣ  дар шароити хоси оғози асри XXI, ки равобити ҳамаҷонибаи минтақаҳои бузурги дунё амиқан густариш меёбад, босуръат боло меравад.
Ин амр барои кишварҳои мо имкони бузург ва матлуби таърихӣ  фароҳам намудааст.
Тавре  ки Шумо огоҳед, мо дар диёри худ навсозии тамоми роҳҳои миллӣ  ва дорои аҳамияти байналмилалиро муваффақона идома медиҳем. Василаҳои дигари инфрасохторӣ  сохта мешаванд.
Дар чунин шароит шоҳпули амалкунандаи Дӯстӣ  кишварҳои моро пайванди ниҳоят матлуб бахшид. Зиёда аз ин, ҳамроҳ  бо пулҳои дигари марзи ду давлат омили рушди босуръати ду мамлакат  гардида истодааст.
Аллакай имрӯз ҳар ду кишвар молҳои зарурии худро хеле осон ва бо масрафи ниҳоят кам дастрас менамоянд. Ин амр бахусус барои минтақаҳои наздисарҳадии  Афғонистон аҳамияти ҳаётӣ  дорад.
Фаротар аз он пули Дӯстӣ  пайвандгари арзишманди мамлакатҳои мо бо минтақаи бузурги таърихии Осиёи Марказӣ  ва минтақаҳои дигари бузурги ҷаҳон – Осиёи Шарқӣ , Шимоли Осиё, Осиёи Ғарбӣ  – гардид.
Тавассути ин ва дигар пулҳо ва шоҳроҳҳои навини мо кишвари Афғонистон ба бозорҳо ва захираҳои азими Осиёи Миёна, Чин, Русия ва ҳатто Аврупо дастрасӣ  пайдо намуда истодааст ва сатҳи нави  ҳамкориҳои судмандро таъмин карда метавонад.
Ҳамкории ниҳодҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва фарҳангӣ  густариш меёбанд.
Дар ин ҷодаҳо саҳми сафорату дипломатҳо хеле назаррас буда, рӯз ба  рӯз ҳаҷму шиддати кори касбиашон зиёд мегардад.
Аз ин ҷост, ки мо барои сохтмони бинои ояндаи Сафорати Афғонистон макони хубу муносиб интихоб карда, хоҳони бунёди иморати муосир ва зебою бошукӯҳи намояндагии дипломатии кишвари дӯсту бародар ҳастем. Умедворам, ки ин сохтмон бо сифати баланд дар муддати нисбатан кӯтоҳ  анҷом мегирад.
Ба кормандони сафорат, ки василаи дипломатии пайванди ду давлати дӯст ва ду мардуми бародар мебошанд, комёбиҳо ва ба ҳамаи ҳозирин саломатии бардавом, саодати зиндагӣ  ва хушрӯзиҳо орзумандам.
Ташаккур.

Шанбе, 1 августи  соли  2009.  № 96 (21 603). Соли 85-уми нашр.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3011
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед