logo

мулоқотҳо

Мулоқоти чорҷониба таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт

30 июл,  нимаи дуюми рӯз, дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия баргузор гашт, ки дар таърихи муносибатҳои ин кишварҳо бори нахуст сурат мегирад.

Мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳо таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.
Чунонки аён аст, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе рӯзи сеюм аст, ки макони баргузории мулоқотҳои сатҳи олии дуҷониба, сеҷониба ва чорҷониба гашта, ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар минтақа мусоидати фаъол мекунад.
Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия -  Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай, Осиф Алӣ Зардорӣ  ва Дмитрий Медведев зимни суханрониҳои худ масоили умдаи ҳамкории минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқоти чорҷонибаро идомаи мантиқии мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон маънидод карда, изҳор дошт, ки  мавриди истифодаи дуруст қарор додани имкону захираҳои фаровони Русия ва ҳар се кишвари дигар барои ҳаллу фасли мушкилоти минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ба кишти зироатҳои дигар ҳавасманд кардани он деҳқонони Афғонистон, ки ба киштукори растаниҳои нашъадор машғуланд, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ барои аҳолии бекор ва умуман мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёти ин кишвар аз вазифаҳои асосии давлатҳои ҳамсоя ва мададрасони он бояд бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон, изҳор дошт, ки давлати мо омода аст, ки ба Афғонистон дар тайёр кардани кадрҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯмак расонад ва ин корро метавонад дар ҳамдастӣ бо дигар кишварҳои манфиатдор анҷом бидиҳад. Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки ҳадаф аз кушодани як маркази зиддитеррористии НАТО ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе низ, пеш аз ҳама, аз ҳамин иборат аст.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз нақшаҳои стратегии Ҳукумати мамлакат оид ба пайвастани роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ бо шабакаҳои нақлиётию барқии Афғонистону Покистону Эрон ва Қирғизистону Қазоқистону Чин ёдовар шуда, сарони давлатҳои Русия ва Афғонистону Покистонро барои амалӣ намудани онҳо ба ҳамкорӣ даъват намуд ва таъкид дошт, ки татбиқи босамари ин нақшаҳо ба ҳамаи онҳо ва дигар кишварҳои минтақа судовар хоҳад буд. 
Дар охир сарони чор давлат  Баёнияи муштарак  оид ба ҳамкориҳои минбаъдаи чорҷониба имзо намуда, барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд. 
Сарони давлатҳо аз фазо ва натиҷаҳои мулоқоти чорҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии худро ба идома додани  чунин ҳамкорӣ  таъкид намуданд.
Қарор карда шуд, ки  пешниҳодҳои хуби дар ин мулоқот баёнгашта барои иҷро ба ҳукуматҳои чор давлат фиристода шавад.

Шанбе, 1 августи  соли  2009.  № 96 (21 603). Соли 85-уми нашр.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1799
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед