logo

мулоқотҳо

Мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон

30 июл дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар дараи хушманзараи Варзоб, мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон - Эмомалӣ Раҳмон,  Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ  баргузор гашт.
Сарони се давлат, ки дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони конфронси исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкории густурда доранд, имрӯз бори нахуст мулоқоти муштараки сеҷониба доир намуданд. Дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор гаштани ин мулоқотро коршиносони сиёсӣ нишона аз сиёсати  сулҳоварии Президенти мамлакати мо Эмомалӣ Раҳмон ва ҳавасмандию омодагии устувори ӯ баҳри густариши ҳамкории судманд ба манфиати мардумони ҳамаи кишварҳои минтақа маънидод мекунанд.
Бо истифода аз ин имкони мусоид сарони се давлат - Эмомалӣ Раҳмон,  Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ оид ба роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории сеҷониба гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҳамдигар ва ба ин васила боис шудан ба таҳкиму устувории амнияту субот дар минтақа аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Бо ҳамдастӣ боло бурдани қобилияти истеҳсолӣ, содиротӣ ва транзитии се кишвар аз тариқи бунёди нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ, пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди Тоҷикистону Покистон тавассути қаламрави Афғонистон ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ маънидод гардид.
Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо, ки нахуст дар шакли хоса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои се кишвар сурат гирифтанд, сарони се давлат зери баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон  имзо гузоштанд, ки дар он роҳу василаҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории сеҷониба инъикос ёфтаанд.
Сипас сарони се давлат - Эмомалӣ Раҳмон,  Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаи мулоқотҳои имрӯза изҳори қаноатмандӣ карданд ва зарурати идома додани чунин мулоқоту сӯҳбатҳоро ба хотири густариши ҳамкории минбаъда таъкид намуданд.

Шанбе, 1 августи  соли  2009.  № 96 (21 603). Соли 85-уми нашр.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1933
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед