logo

ҳуқуқ

ҚОНУНШИКАНӢ. ХАДАМОТИ ГУМРУК 4644 ҲОЛАТРО ОШКОР СОХТ

Дар натиҷаи баррасии 4583 парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ  4459 нафар шахси воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи 7 миллиону 410,1 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ба маблағи 7 миллиону 884,8 ҳазор сомонӣ ҷарима ба Буҷети давлатӣ ситонда шуд. 
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Зикр гардид, ки бо мақсади кам кардани таъсири хавфҳои мавҷуда мақомоти гумруки кишвар дар доираи талаботи қонунгузории ҷорӣ барои таҳти назорати қатъӣ қарор додани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, гузарондани муоинаи гумрукии молу маҳсулоти воридгардида, дуруст муайян намудани рамзи мол, пешгирии воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳиро бо соҳибкорон васеъ ба роҳ монда, дар ин самт тадбирҳои муассир андешида истодааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, новобаста аз 18,2 дарсад коҳиш ёфтани воридоти молҳои андозбандишаванда, нисбатан зиёд шудани татбиқи имтиёзҳои тарифию  гумрукӣ ба андозаи 2,9 дарсад ва дар ҳаҷми 3,2 дарсад афзоиш ёфтани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, дар соли сипаригашта нисбат ба соли 2015 фарқияти пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда дар ҳаҷми 207,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар натиҷаи фаъол гардондани корҳои санҷишӣ ва назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ, дар соли гузашта аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук дар маҷмӯъ 2060 ҳолати нодуруст ситондани пардохтҳои гумрукӣ ошкор шуда, аз ин ҳисоб 93 047,6 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян карда шуд. Аз маблағи ошкоргардида, 36 945,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид  гардида, маводҳои санҷишӣ бо маблағи зарари молиявӣ ба андозаи 32964,7 ҳазор сомонӣ барои чораҷӯӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гашт. Ҳамзамон, дар ин давра 21 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва ба маблағи 527,6 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.
Дар соли сипаригашта аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4644 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор гаштааст, ки аз ин 61 ададаш ҷиноят буда, 30 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, чор ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 27 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрукӣ марбут аст. Аз ҷониби мақомоти гумрук дар чор ҳолат ба миқдори умумии 26 килограмму 669 грамм маводи нашъаовар мусодира шуд, ки аз он 7 килограмму  492,3 грамм афюн, 19 килограмму 176,6 грамм ҳашиш мебошад. Дар ин давра ба маблағи 854,8 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот мусодира гардида, дар натиҷаи роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои муассири  иловагӣ ба маблағи 8 миллиону 964,3 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнда шудааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2017    №: 18    Мутолиа карданд: 3338
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед