logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПИТЕР БУРИАН

24 январ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Бурианро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ба сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, ҳар ду ҷониб аз тамоюли густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Тавре таъкид гардид, ҷониби Тоҷикистон барои рушду густариши муносибатҳои дӯстона ва фаъоли худ бо Иттиҳоди Аврупо талоши зиёд ба харҷ дода, дар ин замина аз имконоти Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, Муколамаҳо оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амниятӣ, ҳамдастӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, кумитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ самаранок истифода менамояд.
Ҷонибҳо ҳамчунин, доир ба масъалаҳои вобаста ба ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Барномаи индикативии бисёрсола барои давраи то соли 2020 ва Стратегияи минтақавии Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Аз болоравии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори хушнудӣ карда, ҷанибҳо ҷиҳати тақвияти муносибатҳо дар роҳи кам кардани таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.
Ҳамчунин, барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм ҳавасмандӣ зоҳир гардида, дар ин самт тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар риштаҳои фанҳои дақиқ ва технологияҳои нав манфиатбор арзёбӣ шуд.
Дар мулоқот ҳамзамон, масоили марбут ба амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ва афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин, ба раванди мубориза бар зидди хатару чолишҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бештар мусоидат менамояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2017    №: 19    Мутолиа карданд: 4280
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед