туризм
САЙЁҲӢ. НАҚШИ БАХШИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ОН
Бино ба маълумотҳо, дар кишварҳои мутараққӣ нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба бахши хизматрасонӣ рост меояд, ки дар рушди иқтисодиёти онҳо саҳми назаррас дорад.
Саноати сайёҳии муосир дар баробари фаъолияти туроператорҳо ва намояндагиҳои сайёҳӣ, ҳамчунин, хоҷагии меҳмонхонаӣ, хӯроки умум, ташкили вақтхушиву фароғат, табобат, нақлиёт, истеҳсоли маҳсулоти хусусияти сайёҳидошта, реклама, ҳифзи табиат ва нигоҳдории ёдгориҳои таърихиро дар бар мегирад.
Хоҷагиҳои меҳмонхонаӣ, хӯроки умум, нақлиёт, истеҳсоли маҳсулоти хусусияти сайёҳидошта, фароғат дар пойтахт ва баъзе шаҳрҳои дигари мамлакат рушд ёфтаанд, вале дар мавзеъҳои сайёҳии дур аз пойтахт вазъ беҳбудиро талаб менамояд.
Имрӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон лоиҳаи хуб дар шакли хостел ва пентхаус амалӣ мешавад. Яъне, сокинони сари роҳ хонаҳояшонро барои будубоши муваққатӣ ба сайёҳон пешниҳод менамоянд. Ин як шакли хуби муосири хизматрасонӣ ба сайёҳон маҳсуб меёбад, ки дар як маврид ҳам соҳибхона даромади хуб ба даст меорад ва ҳам сайёҳ бо урфу одат ва фарҳанги хонадони тоҷик шинос мегардад.
Феълан, туризм чун падидаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ матраҳ мешавад, ки ба тамоми инфрасохтори бо вай алоқаманд таъсири бевосита ва бавосита мерасонад. Вале дар Тоҷикистон, ки дорои иқтидори азими сайёҳӣ мебошад, он ҳоло ба сатҳи зарурии рушд нарасидааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми маҷмӯи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ моҳҳои январ – декабри соли 2016 10009,8 миллион сомониро ташкил дод. Ташрифи сайёҳон дар се соли охир ду баробар афзуд (аз 207 ҳазор то 414 ҳазор нафар). Танҳо дар нуҳ моҳи соли гузашта ба кишвар 312602 шаҳрванди хориҷӣ омадааст. Аз ҳисоби онҳо иқтисодиёти мамлакат ба маблағи 156 миллиону 301 ҳазор доллари ИМА фоида дид. Ҳамаи ин кишвари моро ба мавқеи асосӣ наздик месозад, вале барои расидан то сатҳи ниҳоӣ монеаҳо ҷой доранд.
Коршиносон иброз медоранд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ аз сатҳу сифати хизматрасонӣ вобастагии зиёд дорад. Ва, агар сатҳи хизматрасонӣ беш аз пеш беҳтар гардад, саноати сайёҳии Тоҷикистон ба таври гӯшношунид тараққӣ хоҳад кард.
Туризм на танҳо сарчашмаи даромад, балки омили беҳтарини баландшавии нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор дорад. Ин ҷиҳат мутмаин месозад, ки солҳои наздик соҳаи сайёҳӣ боз ҳам густариш ёфта, ҳар сайёҳи аз Тоҷикистон боздидкарда, на танҳо аз табиати зебову мардуми меҳмондӯсти он, балки аз хизматгузории сатҳи баландаш низ мутаассир мегардад.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.01.2017 №: 20 Мутолиа карданд: 5807