маориф
ОБ. КӮДАКОНРО ДАР РОҲИ ЭҲТИРОМ ТАРБИЯ НАМОЕМ
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018 - 2028), ки бо Қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, конфронси илмию амалӣ баргузор шуд. Устодону донишҷӯён доир ба аҳамияти эълом доштани даҳсола суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҳифзи захираҳои обӣ ва истифодаи сарфакоронаи онҳо яке аз масъалаҳои асосии имрӯзаи ҷаҳон аст. Иқдоми Тоҷикистон баҳри ҳалли проблемаи мубрами ҷаҳониён, хусусан кӯдакон, аҳамияти бесобиқа дорад, зеро аз беобӣ кӯдакон зиёдтар азоб мекашанд.
Мувофиқи ҳисоботи Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии олам ба мушкилоти норасоии об дучор мегардад. Ин вазъият қариб тамоми кишварҳоро ба ташвиш овардааст.
Бояд то чӣ андоза дар ҳаёти инсон муҳим будани обро ба кӯдакону наврасон, ки насли ояндаи моанд, дар хона ва боғчаю мактаб тарғибу ташвиқ намоем. Ин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати истифодаи об ниҳоят зарур аст. Дар ҳар як муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ ташкил намудани гӯшаи «Панди бузургон дар бораи об», «Об - манбаи рӯшноӣ», «Об - сарчашмаи зиндагӣ», «Оби тоза - ганҷи бебаҳо», «Обро аз ифлосӣ эмин доред» ва гузарондани озмун байни синф ва гӯруҳҳо барои шинохти аҳамияти ин неъмати бебаҳо ва истифодаи дурусти он нақши муҳим дорад. Баъзе одамон аз рӯи нодонию беэҳтиётӣ ба исроф ва ифлос сохтани об даст мезананд. Ҷумакҳои бози об, ҷӯйборҳои гандидаи пур аз зарфҳои пластмассӣ ва сангу чӯб дар бархе маҳалҳо мисоли гуфтаҳои болост. Кӯдакони баъзе минтақаҳои қораи Африқо аз сабаби беобӣ оби лойолуду ифлос менӯшанд. Сокинони баъзе кишварҳои ин қитъа оби ифлосро ба сатилҳо гирифта, баъди каме таҳшин гардиданаш аз он менӯшанд. Ин вазъ хеле ғамангез аст.
Кишвари мо, шукри Худо, сероб аст. Пас, бояд шукрона кунем, ба қадри ин неъмати бебаҳои диёр бояд расем ва барои амалишавии иқдомҳои Сарвари давлат дар ин самт ҳамаҷониба саъй намоем.
Зебуниссо САЪДУЛЛОЕВА, Омӯзгор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2017 №: 24 Мутолиа карданд: 4137