logo

илм

ИЛМ НОФЕЪ БО ЗАБОН АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ доир ба илм ва моҳияти он чунин таъкид намуданд: «Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд». Дар ҳақиқат, илм дар ҷомеа як неруи тавонои зеҳнӣ аст ва олимон бо пажӯҳишу кашфиётҳои худ барои хубтару беҳтар гардидани ҳаёти инсон талош меварзанд.

Бахусус, рушди илмҳои бунёдӣ дар ҳама давру замон ҳамчун омили муҳими беҳ гардидани ҳаёт ва дар маҷмӯъ ташаккули ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардид. Дар замони муосир, ки техника ва технология бо суръати ғайричашмдошт инкишоф ёфта истодааст, таваҷҷуҳ зоҳир кардани Сарвари давлат ба рушди илмҳои дақиқ ва табиию риёзӣ асоси воқеӣ ва бунёдӣ дорад. Аз илми ҷаҳонӣ ва техникаю технологияи ҷаҳонӣ дур мондан ба ҳар як миллату давлат хатар ва таҳдидҳои зиёдеро пеш оварда метавонад. Дар баробари илми ҷаҳонӣ қадам монда, аз дастовардҳои илмии олимони мамолики дигар баҳравар гардидан ва дар ин замина рушду инкишоф додани техникаю технологияи муосир ва истифодаи боманфиат аз онҳо боиси рушди босубот ва босамар мегардад.
 Тавре ки мушоҳида мешавад, дар аксари кишварҳои ҷаҳон дар баробари рушду тавсеа додани илмҳои табиию риёзӣ ба илмҳои гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи хосе зоҳир карда, дастовардҳои илмҳои дақиқро дар ин илмҳои гуманитарӣ татбиқ менамоянд. Махсусан, дар соҳаи илмҳои сотсиология, забон, адабиёт, таърих ва монанди инҳо нақши илмҳои дақиқ бештар ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар аксари муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатҳои пешрафта фанни забоншиносии татбиқӣ ва забоншиносии компютерӣ тадрис мегардад. Чунин иқдом боиси он гардидааст, ки аз ҷониби муҳаққиқони ин соҳа барномаҳои электронии зиёде доир ба забон таҳияву таълиф гарданд ва тавассути онҳо луғатҳои гуногуни тафсирию тарҷумавӣ, ғалатгирии автоматии матнҳо, ҷустуҷӯ ва ёфтани вожаҳо бо муродифҳояшон ва монанди инҳо ба роҳ монда шавад. Бинобар ин, муҳаққиқон ва мутахассисони кишвари моро зарур аст, ки ба ин масоил таваҷҷуҳи бештаре зоҳир кунанд ва дар таълифи барномаҳои электронӣ доир ба забони тоҷикӣ ҷаҳду талош намоянд.
Тавре ки огаҳӣ дорем, бо дастури бевоситаи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъйу талошҳои раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли ҷорӣ дифои рисолаҳои илмӣ барои ба даст овардани унвонҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ оғоз мегардад. Ин иқдом, аз як ҷониб, агар барои омода кардани муҳаққиқону пажӯҳишгарони миллӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, барои инкишофи илми миллӣ ва забони давлатии кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат карда метавонад. Бинобар ин, сохтану таҳия кардани барномаҳои гуногуни электронии таҳриргари забони тоҷикӣ барои баррасии корҳои илмӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро илм бо забон нофеъ аст, яъне агар забони осори илмӣ содаю фаҳмо бошад, он метавонад, ки ба соҳибонаш манфиати бештаре орад.
Муҳаммаддовуд САЛОМИЁН,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2017    №: 25    Мутолиа карданд: 20610
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед