logo

ҳуқуқ

САНАДҲОИ СУДӢ. ОМИЛҲО ВА САБАБҲОИ БА ТАЪХИР АФТИДАНИ ИҶРОИ ОНҲО

Вазорати адлия ва Суди Олии ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат барномаҳои вижаеро рӯи даст гирифтаанд.
Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат Сарвари давлат оид ба сари вақт иҷро нагардидани қарорҳои судӣ эрод гирифта, ба Вазорати адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ ва чораҳоро ҷиҳати таъмини фаъолияти иҷрочиёни суд таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ба гуфтаи Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои ин дастури Президенти мамлакат дар меҳвари фаъолияти кормандони вазорат қарор гирифта, ба манзури таҳлили ҳолати воқеӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта гурӯҳи вижаи корӣ таъсис шудааст. Ин гурӯҳ дар навбати аввал оид ба вазъи кунунии таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва фаъолияти иҷрочиёни суд омӯзиш анҷом дода, баъдан таҳлили қонунгузорӣ ва ба роҳ мондани чораҳои таъсирбахшу заруриро ҷиҳати беҳбуди кор пайгирӣ хоҳад кард.
Вазири адлияи ҷумҳурӣ, ки дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ бо  хабарнигорон суҳбат мекард, дар посух ба суоли хабарнигори «Ҷумҳурият» мавҷуд будани камбудиҳо дар самти таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судиро эътироф кард ва яке аз омилҳои асосии онро ба зиёд будани сарбории иҷрочиёни суд мансуб донист. Зеро, ба иттилои ӯ, дар ҳоле ки танҳо соли 2016 беш аз 60 ҳазор санади иҷро ба истеҳсолот ворид шудааст, дар мамлакат 223 нафар иҷрочии суд фаъолият дошт, ки барои татбиқи саривақтии қарорҳои судӣ нокифоя аст. Аз ин рӯ, қарор аст, дар доираи нақша чорабиниҳои пешбинишуда сол ба сол теъдоди иҷрочиёни суд бештар шаванд.
- Мо қаблан ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар ин самт баъзе тағйиротҳо, аз ҷумла чораҳои муосири таъсиррасонӣ ба қарздоронро пешниҳод намудем, ки аз ҷониби дигар вазорату идораҳои дахлдор дар ҳоли мувофиқа қарор дорад. Вазорати адлия дар доираи салоҳиятҳои худ оид ба беҳтар намудани механизми иҷрои санадҳои судӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақша - чорабиниҳои лозимаро вобаста ба татбиқи Паём то моҳи марти соли равон таҳия ва пешниҳод хоҳад кард, - гуфт Рустам Шоҳмурод.
Қобили зикр аст, ки то соли 2007 масъулияти таъмини иҷрои қарорҳои судӣ бар души мақомоти судии кишвар буд. Дар пайи ислоҳоти сохторие, ки дар доираи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ идома доранд, масъалаи таъмини иҷрои санадҳои судӣ ба уҳдаи Вазорати адлия гузашт. Ба дунбол соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» қабул гардида, дар Вазорати адлия ниҳоди вижа - Раёсати ташкили фаъолияти иҷрочиёни суд таъсис ёфт. Вале бар асоси муқаррароти қонуни мавриди назар, иҷрои як қисми санадҳо ба зиммаи мақомоти судӣ боқӣ мондааст.
Дар ин робита Суди Олӣ низ барои рафъи камбудиҳо ва иҷрои дастури Президенти мамлакат оид ба роҳандозии механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ вориди амал шудааст.  Аз ҷумла ба гуфтаи Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни таҳияи нақша - чорабиниҳои Суди Олӣ вобаста ба татбиқи нишондодҳои Паёми Пешвои миллат як банди алоҳида ба омӯзиш ва таъмини саривақтии иҷрои санадҳои судӣ бахшида шудааст. Раиси Суди Олӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки «Вақте парвандаро баррасӣ мекунему қарор қабул менамоем, вале иҷрояш таъмин намегардад, боварии мардум ба мақомоти судӣ коста мегардад. Аз ин рӯ, мо дар якҷоягӣ бо дигар мақомоте, ки ҷиҳати ҳалли масъала муваззаф шуданд, таҷрибаи давлатҳои дигар, бахусус кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро омӯхта, дар давоми сол маҷмӯи чорабиниҳоро оид ба таъмини иҷрои бонизоми қарорҳои судӣ таҳия ва пешниҳод хоҳем кард».
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2017    №: 25    Мутолиа карданд: 3494
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед