маориф
МАКТАБ. АГАР МАСЪУЛОН МАСЪУЛИЯТ МЕДОШТАНД...
Маориф аз соҳаҳои афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст. Бунёду азнавсозии садҳо муассисаҳои таълимӣ аз марказ то дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистони Тоҷикистони азиз бахусус дар чанд соли охир далели ҳамин гуфтаҳоянд. Дар маҷмӯъ давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ бунёду азнавсозӣ гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шуданд, ки теъдоди андак нест. Тавре ки дар Паёми нав-батии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ таъкид гашт, дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 - 2015» дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра баровардашуда, азнавсозӣ ва бунёдгардида беш аз 800 ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил медиҳад. Фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам ҳастанд деҳаҳои калоне, ки мактаб надоранд ва фарзандони сокинони онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дурдаст мехонанд. Аз ҷумла тавре аз аризаи шикоятии сокинони деҳаҳои “СМП-540”, “Ниҳолпарварӣ” ва “Озодии меҳнат” – и Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар маълум гашт, фарзандони онҳо аз бемактабӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 - и ноҳияи Бохтар мехонанд.
Муроҷиатҳо буданд, аммо...
Роҷеъ ба мушкилоти бунёд намудани мактаб сокинон ба зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ муроҷиат кардаанд, аммо масъала, яъне сохтани муассисаи нави замонавӣ ҳал нашуд. Аз ин рӯ, эшон ба Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият” аризаи шикоятӣ оварданд, то дар ҳалли масъала мусоидат намоем.
Зимни омӯзиши масъала бароямон аён гардид, ки дар деҳаҳои зикршуда муассисаи таълимие вуҷуд надорад ва фарзандони синни мактабии онҳо даҳсолаҳо боз роҳи 5 километраро қад – қади шоҳроҳи Душанбе – Сарбанд пиёда тай намуда, барои таҳсил ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 26 ва 7 - и ноҳияи Бохтару шаҳри Қӯрғонтеппа мерафтаанд. Ба қавли омӯзгорону волидайн, давоми солҳои наздик ду дафъа ҳодисаи пахш кардани хонандагон аз ҷониби ронандагони саросемаю беэҳтиёт рух дода, боиси ташвиши бештар гаштааст.
- Деҳаҳои мо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам мактаб надоштанд. Ҳоло набераҳоям дар мактаби 26 таҳсил мекунанд, - иброз дошт мӯйсафеди 63 - сола Қурбоналӣ Валиев. - Аз роҳи сернақлиёт мегузаранд. Барои убури роҳ на хати пиёдагард мавҷуд аст ва на чароғаки роҳнамо. Мо ҳамеша дар хавотирем. Фарзандонамон ҳар рӯз аз муаллимон барои ба дарсҳо дер расидан гап мешунаванд. Агар дар яке аз ин деҳаҳо: “СМП-540”, “Ниҳолпарварӣ” ва ё “Озодии меҳнат” мактабе месохтанд, мушкили чандсола аз байн мерафт.
Дар тақвияти суханони ин мусоҳибамон роҳбари синфи 8 - и мактаби рақами 26 Холматҷон Ёқубов чунин гуфт: "Ман аз соли 1970 дар ин мактаб кор мекунам. Аз сабаби дурии роҳ фарзандони сокинони се деҳаи зикршуда ҳар рӯз ба дарсҳо то 30 дақиқа дер меоянд".
Бинои садамавие, ки мактаб неву бунгоҳ шуд
Бо мақсади андаке осон кардани мушкили хонандагон роҳбарияти ноҳияи Бохтар чанд сол қабл дар як бинои хоҷагии “Ниҳолпарварӣ” ду синфхона таъсис дод. Ин ҷо хонандагони синфҳои аз 1 то 4 - и деҳаҳои фавқуззикр ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аммо, ба гуфти сокини деҳаи “Ниҳолпарварӣ” Сайдулло Саидов, азбаски бино садамавӣ буд, баста шуд. Тааҷҷубовар ин аст, ки ҳоло дар ин бинои хиштҳояш резону бому фаршаш нимшикастаю ларзон бунгоҳи тиббӣ ҷой карда шудааст (ба аксҳо нигаред). Чаро намешавад дар ҷои ин бинои садамавӣ мактаби замонавӣ созанд?
Мактаб ҳамаро фаро гирифта наметавонад, аммо...
Ба гуфти омӯзгори собиқадор Ҷумъаалӣ Шарифов мактаби рақами 26, ки соли 1974 сохта шуда буд, танҳо барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст. “Айни ҳол дар ин муассисаи таълимӣ беш аз 2 ҳазор хонанда таҳсил дорад. Соли оянда ин шумора боз ҳам меафзояд. Аз нарасидани ҷойи нишаст ва курсӣ танқисии шадид эҳсос мешавад. Бинобар ин, фаъолияти муассисаи таълимӣ дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки ин ба ҷараёни таҳсил таъсири манфӣ мерасонад”, - илова намуд Ҷумъаалӣ Шарифов.
Сарвари мактаби рақами 7 - и шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадалӣ Абдулов чунин изҳор кард: “Феълан дар муассисаи онҳо 1200 хонанда таҳсил мекунад ва камбуди ҷойи нишаст вуҷуд надорад. Барои хонандагони роҳдур бошад, ҳатман мактаб сохтан лозим, то ин ки қувваашонро дар роҳ нею дар донишандӯзӣ сарф бисозанд”.
Барои сохтани бинои мактаб замин намеёбанд. Чаро?
Ҷудо накардани замин барои бунёди мактаб ва пайдо нашудани маблағгузор барои сохтмони он сабаби бемактабии сокинони деҳаҳои “СМП – 540”, “Ниҳолпарварӣ” ва “Озодии меҳнат”мебошад.
Ба гуфтаи омӯзгор Холматҷон Ёқубов, сокинону муаллимон баҳри ҳалли масъала хеле такудав кардаанд. Солҳои 2000 - 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа, № 26 Маҳмадалӣ Насруллоев аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар хоҳиш карда буд, ки замин ҷудо намоянд, то ӯ аз ҳисоби худ дар байни ин деҳаҳо як мактаб созад. Аммо кумитаи замини ноҳия қитъаи холие наёфт ва бо баҳонаи он, ки дар наздикиҳо замин барои сохтмон мавҷуд нест, масъаларо ба ҳоли худ монд.
Ҳарчанд мушкилоти хонандагон ҳал нашудааст, мардум дилгармона аз пайи беҳбудӣ бахшидан ба шароити таҳсили фарзандон камари ҳиммат бастаанд ва бовар доранд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсад хоҳанд расид. Ва яке аз он нафароне, ки бовар дорад барои фарзандонашон рӯзе мактаб сохта мешавад, Нусратулло Тоҳиров – раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи “СМП-540” мебошад.
- Ман ба назди раиси ноҳияи Бохтар рафта, ҳангоми суҳбат аризаи истиқоматкунандагонро рӯи миз гузоштам, - мегӯяд Тоҳиров. – Ӯ раиси кумитаи замини ноҳияро вазифадор кард, ки барои сохтмони мактаб ҳатман замин ёбад.
Зимни суҳбат раиси кумитаи замини ноҳияи Бохтар Сафар Шафоуддинов тасдиқ кард, ки аз ин мушкилоти мардум огоҳ аст. Ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои дархости замин муроҷиати хаттӣ кардаанд.
Азбаски масъулияти ҳалли мушкили бемактабии хонандагони деҳаҳои мазкур дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба зиммаи муовини раиси вилояти Хатлон Баҳром Иноятзода вогузор гардидааст, зарурат пеш омад, ки дар атрофи ин масъала андешаҳои ӯро ҳам фаҳмем. Лекин, мутаассифона, бо вуҷуди кӯшишҳои чандкаратаи мо муовини раис на фақат аз суҳбати телефонӣ ё рӯ ба рӯ худдорӣ кард, балки вақте фаҳмид, ки дар қабулгоҳ мунтазири ироаи ризоият барои мусоҳиба ҳастам, ба милитсионерҳои назди даромадгоҳ фармуд, то маро “гусел” кунанд. Воқеан, ин бори аввал нест, ки муҳтарам муовини раис намояндаи “Ҷумҳурият”- ро бе қабул гусел менамояд. Ду дафъаи дигар ҳам чун мехостам дастовардҳои вилоятро дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” инъикос кунам, айнан ин гуна муносибати ба шаъни хидматчии давлатӣ нозеборо нисбат ба намояндаи Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раво дида буд.
Бо вуҷуди ин, 9 январи соли равон зимни нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода масъалаи мазкурро аз масъулон пурсон шудем. Баҳром Иноятзода посух дод, ки барои осон кардани мушкилоти хонандагони деҳаҳои болозикр бунёди як мактаби нав дар деҳаи “СМП - 540” ба “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 - 2021” дар таърихи 26 - уми ноябри соли 2016 ворид карда шуд. Сохташавии муассисаи таълимии дорои 240 ҷойи нишаст бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағҳои ғайрибуҷетӣ пешбинӣ шуда, муҳлати шурӯъ ва баистифодадиҳии иншоот солҳои 2020 - 2021 муқаррар гардидааст.
Дар назари аввал бо сохтани мактаби нав мушкили рақами яки ин се ҳамсоядеҳа гӯё ҳал мешавад. Вале мактабе барои 240 ҷойи нишаст (дар 2 баст 480 ҷойи нишаст) оё метавонад ниёзи деҳаҳоеро, ки беш аз 1300 нафар фарзандони мактабрав доранд, пурра бароварда бошад?
Талош барои оянда бояд кард
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро яке аз пояҳои устувори давлатдорӣ арзёбӣ намуда, борҳо зикр кардаанд, ки фаъолияти дурусти соҳаи мазкур маҳаки калидии зуҳур ва таҷаллии неруҳои зеҳнии кишвар мебошад. Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид карданд, ки ояндаи Тоҷикистон маҳз дар дасти насли наврас, бахусус ҷавонон, аст. Аз ин лиҳоз, мебояд, ки онҳо заковатманду соҳибтадбир ба воя расанд. Пас, мебояд дар таъмини хонандагон бо мактабҳои замонавӣ мақомоти маҳаллӣ низ талош варзад. Шарт нест, ки барои сохтмони ҳамагӣ як мактаб мардум аз ноҳия то вилоят пушти дари роҳбарони масъул навбат поянд.
Агар давоми солҳои тӯлонӣ масъулон эҳсоси масъулият мекарданд, овозаи бемактабии чанд ҳамсоядеҳа марзҳои ноҳияву вилоятро убур карда, то ба пойтахт намеомад. Ҳамин тавр не?!
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.02.2017 №: 25 Мутолиа карданд: 4134