суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо намояндагони доираҳои сармоягузориву молиявии Давлати Қатар, Қатар, 5 феврали соли 2017
Муҳтарам намояндагони доираҳои сармоягузорӣ ва бонкдорӣ,
Дӯстони гиромӣ!
Мо мулоқоти имрӯзаро ҳамчун омили муҳими тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳоямон медонем ва аз иштироки шумо дар он хушҳолем.
Дар Тоҷикистон кишварҳои ҳавзаи Халиҷ, аз ҷумла Давлати Қатарро ба ҳайси яке аз мамлакатҳои пешрафтаи минтақаи Ховари Миёна ва умуман ҷаҳони муосир мешиносанд. Ҳамин аст, ки мо ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем ва аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем. Зимнан, мулоқоти имрӯзаамонро иқдоми муҳим дар самти роҳандозии ҳамкориҳои боз ҳам фаъолу судманди Тоҷикистону Қатар арзёбӣ менамоям.
Бо истифода аз фурсат нахуст мехостам таваҷҷуҳи шуморо ба чанде аз ҷанбаҳои вазъи иқтисодиву иҷтимоии имрӯзаи Тоҷикистон ва имкониятҳои он ҷалб намоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бисту шашумин соли истиқлоли давлатиаш қадам ниҳод. Тайи ин давра, бо вуҷуди мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, мо пайгирона маҷмӯи тадбирҳоеро андешидем ва андешида истодаем, ки натиҷаҳои мусбат медиҳанд.
Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ, солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид. Соли гузашта низ барои мардуми тоҷик аз ин нигоҳ соли бобарор буд ва дар маҷмӯъ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст шуд. Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, рушди босуботи иқтисодии мамлакат таъмин гардида, афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6,9 ва сатҳи таваррум 6 фоизро ташкил дод.
Кишвари мо узви Созмони умумиҷаҳонии савдо буда, иқтисоди серсоҳаи рушдёбанда дорад. Дар ин замина ҷиҳати рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар онҳо пайваста чораҳои муассир андешида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки тайи даҳ соли охир ба иқтисодиёти кишвар беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд. Ин маблағҳо, тибқи барномаву ҳадафҳои стратегии мо, асосан ба соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва роҳсозӣ, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ равона гардидаанд.
Мо “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”- ро қабул кардаем, ки ҷавҳари онро раванди саноатикунонии мамлакат ташкил медиҳад. Имрӯз дар кишвари мо барномаҳои зиёди судовари иқтисодӣ мавриди татбиқ қарор гирифтаанд ва ин амалия ҷалби сармояи бештари хориҷӣ ва технологияи муосирро тақозо дорад. Бунёди иншооти бузургу миёнаи гидроэнергетикӣ, саноатӣ, алоқаву нақлиёт ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумлаи чунин лоиҳаҳо мебошанд. Онҳо, бо дарназардошти имкониятҳои дохилӣ, барои мо хусусияти афзалиятнок доранд.
Дар ин радиф мушаххасан бахшҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати сабуку хӯрокворӣ, содироти оби нӯшокӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавоти тару тоза ва нахи пахтаро алоҳида зикр кардан ба маврид аст.
Ҳоло барои истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои дар ин соҳаҳо мавҷуда ҷиҳати ворид намудани технологияи муосир ва ба роҳ мондани истеҳсолу содироти маҳсулоти ин соҳаҳо як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳо пешбинӣ шудаанд. Барои мисол, дар доираи Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои пешрафти соҳибкорӣ беш аз 240 номгӯи имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд.
Қисми бештари онҳо имтиёзҳои фискалӣ буда, озод намудан аз андоз аз фоида барои муҳлати то 5 сол, боҷу андозҳои гумрукӣ барои ворид намудани технологияҳои муосир ва дигар сабукиҳоро дар бар мегиранд.
Қонунгузории ҷорӣ дар самти сармоягузорӣ такмил ёфта, дар баробари таҳкими муқаррарот оид ба кафолати ҳуқуқҳои сармоягузорон, муҳлатҳои имтиёзнок барои сармоягузорон аз 5 то 10 сол зиёд карда шудаанд. Илова бар ин, дар бозори дохилии молу хизматрасонӣ, сармоя ва асъор шароити рақобати озод фароҳам оварда шудаанд.
Дар Тоҷикистон алҳол чор минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунад ва онҳо корхонаҳои коркарди нафт, сементбарорӣ, бофандагӣ, маъдангудозӣ ва тавлиди маҳсулоти саноати кимиёро дар бар хоҳанд гирифт. Дар онҳо низ барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Аз шумо низ, ҳозирини гиромӣ, даъват ба амал меорам, ки дар пешбурди фаъолияти истеҳсолии ин минтақаҳо бо суди муайяни иқтисодӣ саҳмгузор бошед.
Дӯстони гиромӣ!
Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди онем, ки кишварҳои зиёди олам аз танқисии манбаъҳои оби тоза азият мекашанд. Тибқи маълумотҳои сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, то охири даҳсолаи ҷорӣ дар ҳудуди ду миллиард нафар аҳолии кураи Замин метавонад ба мушкили камбуди мутлақи об дучор шавад.
Ба ин манзур аҳамияти Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар сарвати асосии табиии он – об зоҳир мегардад. Хусусан, дар шароити имрӯза, ки об ҳамчун манбаи тавлиди неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хосро ишғол намуда истодааст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» аз ҷумлаи шаш кишвари пешсафи сайёра мебошад. Неруи барқи обӣ имрӯз 98 фоизи ҳаҷми умумии энергияи дар кишвари мо истеҳсолшавандаро ташкил медиҳад.
Истифодаи оқилонаи захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишварро таъмин намуда, иқтидори онро ҷиҳати ба роҳ мондани содироти неруи барқ бамаротиб афзун мегардонад. Аз ин лиҳоз, бахши гидроэнергетикии иқтисоди мо ҳамчун манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия имкониятҳои фарохи сармоягузории судоварро дар бар мегирад.
Аз татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика сармоягузорон метавонанд фоидаи зиёди иқтисодӣ бардоранд. Ин гуфтаҳо, аз ҷумла ба бунёди неругоҳҳои барқи обии миёна ва хурд низ, ки маблағгузории на он қадар зиёдро талаб менамоянд, дахл доранд.
Соли гузашта мо дар Тоҷикистон бо роҳбарони Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон ба сохтмони хати минтақавии интиқоли неруи барқ – CASA-1000 оғоз бахшидем. Ин лоиҳа шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистону Покистон пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо онҳо ва дигар кишварҳои минтақа мусоидат менамояд.
Сарзамини Тоҷикистон аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст ва ин омил барои рушди саноати истихроҷи маъдан ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон имконоти васеъ фароҳам овардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо конҳои маъдан кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд. Чанде аз онҳо имрӯз мавриди истифодабарӣ қарор доранд ва дар онҳо зиёда аз 40 намуди маъдан, аз ҷумла нодир истихроҷ карда мешавад.
Дар баробари ин, Тоҷикистон иқлими барои кишоварзӣ басо мусоид дорад. Дар Тоҷикистон сабзавоту меваҳои хушсифат парвариш карда мешаванд. Иқлими мо имкон медиҳад, ки дар давоми як сол аз замин то чор ҳосил бардошта шавад.
Зимнан, кишоварзии органикӣ яке аз соҳаҳои дигари афзалиятноку зудрушдёбандаи иқтисоди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин самт барои сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои босамар арсаҳои зиёди ҷолиб мавҷуданд.
Таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти ғизоӣ ва техникии соҳаи кишоварзӣ аз лиҳози иқтисодӣ барои шарикони байналмилалии мо фоидаовар мебошад, чунки хароҷоти камтарин дорад. Ҷиҳати рушди соҳаҳои номбаршуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсус омода гардидаанд.
Тоҷикистон, баробари ёдгориҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ, табиати зебо ва имкониятҳои нотакрори саёҳатӣ, махсусан туризми кӯҳиро дорад. Қаторкӯҳҳои зебо, шаршараҳои мусаффо ва дигар манзараҳои беназири Тоҷикистон ҷаҳонгардонро ҳар сол ба Тоҷикистон ҷалб менамоянд.
Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва инфрасохторӣ фароҳам овардааст.
Дар доираи барномаҳои давлатии рушди соҳа низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ роҳандозӣ гардида, барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми содакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст.
Таъсиси минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ дар онҳо идома дорад. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон тайи солҳои охир мунтазам афзоиш ёфта то ба 500 ҳазор нафар расидааст. Тибқи нақшаи миёнамуҳлат ин миқдор то ба 1 миллион нафар расонда мешавад.
Он ҳам мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон, тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид, соли 2015 аз нигоҳи рушди сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро ба даст овард. Чанде пеш, бо мақсади суръати тоза бахшидан ба тараққиёти соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба туризм таъсис дода шуд.
Ҳамзамон бо ин, воридоти таҷҳизоту маводи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳии навтаъсис дар панҷ соли аввали фаъолияташон дар Тоҷикистон аз пардохти андоз аз фоида озод карда мешаванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки иқдомҳои соҳибкорону сармоягузорони қатариро дар ин арса ва дар ҳамаи дигар самтҳои зикргардида омӯзад ва дар асоси судмандии мутақобила татбиқи онҳоро дастгирӣ намояд.
Мақсад аз чунин ниятҳои мо, қабл аз ҳама, вусъати тоза бахшидан ба муносибатҳои неки байни кишварҳоямон ба манзури таъмини зиндагии боз ҳам шоистаи мардумонамон мебошад. Зимнан, мо пешниҳод дорем, ки захираҳои табиии Тоҷикистон бо имконоти молиявии Қатар ҷамъ гарданд ва ҳар ду кишвар аз ҳамкорӣ манфиат бардоранд.
Соҳаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ майдонест, ки дар он кишварҳо пойдевори мустаҳками робитаҳои неку хайрхоҳонаи мардумонашонро дар арсаҳои мухталифи ҳаёти имрӯза мегузоранд.
Аз фурсат истифода бурда, аз шумо даъват менамоям, ки ҷиҳати шиносоии наздик ва ба роҳ мондани ҳамкории зичу барои ҳар ду ҷониб судманд дар вақти бароятон муносиб аз Тоҷикистон боздид анҷом диҳед.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам, ба ҳамаи шумо аз даргоҳи Худованди мутаол сиҳатмандиву комёбиҳо мехоҳам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.02.2017 №: 28 Мутолиа карданд: 3898