logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД ИБНИ МУБОРАК АЛХУЛАЙФӢ

6 феврал дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Муҳаммад ибни Муборак Алхулайфӣ мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон ба дурнамои муносибатҳои худ бо Давлати Қатар дар ҳамаи сатҳу зинаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари нек дошта, ҳамкории судманди байнипарлумониро василаи муассири таҳкими равобити дуҷониба ва таъмини манфиатҳои муштарак дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ меҳисобад.
Барои фаъол гардондани кори Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Қатар ҳавасмандӣ зоҳир гардид ва таъкид шуд, ки бо ин васила парлумонҳо метавонанд дар беҳтар намудани сатҳи муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо нақши муассиру самарабахш гузоранд.
Дар мулоқот муколамаи сиёсии мунтазами Тоҷикистону Қатар дар сатҳи олӣ заминагузори рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои неку манфиатбори ду давлат арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба муҳимияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар таъмини амнияту суботи кишварҳои минтақа ва мубориза бар зидди хатару чолишҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Изҳори бовар карда шуд, ки парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи амалии санадҳои дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар имзошуда саҳми фаъол гузошта, ба татбиқи манфиатбори дурнамо ва нақшаҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба ноил мегарданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2017    №: 29    Мутолиа карданд: 3856
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед